ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 май, шанбе, 134-умин рӯзи соли 2022 аст

Май 14, 2022 08:00

14 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиши кони ангишти наздикии шаҳри Сома, ки муҷиби ҳалокати теъдоди зиёди кӯҳканон гардид, ба Президенти вақти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи таслият ирсол намуданд.

***

8 сол пеш, 14 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории кишоварзӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» — ро ба имзо расониданд.

14 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Парагвай – Рӯзи истиқлол.

***

Дар Беларус – Рӯзи парчам ва нишони давлатӣ.

РӮЙДОДҲО:

14 майи соли 2003 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ маросими расмии ифтитоҳи консулгарии Афғонистон баргузор гардид.

***

14 майи соли 2009 дар шаҳри  Душанбе миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия Созишнома оид ба ҳамкории техникӣ ба имзо расид.

***

10 сол пеш, 14 майи соли 2012 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия маросими ботантанаи ифтитоҳи 5-умин Ҳафтаи маорифи давлатҳои узви СҲШ «Маориф бидуни марз» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 миёни судҳои конститутсионии Тоҷикистон ва Арманистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

***

14 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ карда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1992  дар Тоҷикистон Телевизиони Кӯлоб таъсис ёфт.

***

Соли 1968 Федератсияи футболи  Никарагуа созмон дода шуд.

Май 14, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш