Зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Arabian Travel Market -2022» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 ширкати сайёҳии ватанӣ имконияти сайёҳии Тоҷикистонро бори нахуст дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Arabian Travel Market -2022», ки аз 9 то 12 май дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷараён мегирад, муаррифӣ доранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар гӯшаи сайёҳии кишвар бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла, иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ инъикос гардидаанд.
Маҳз дар партави сиёсати созанда ва «дарҳои кушод»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои бузурги байналмилалии сайёҳӣ мунтазам муаррифӣ менамоянд.
Бозори «Travel Arabian» (ATM) бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии дохилӣ ва берунӣ дар Ховари Миёна буда, имсол солгарди 27-уми худро ҷашн мегирад. Ҳар сол дар он ҳазорон маҳсулоти сайёҳӣ ба меҳмонон ва мутахассисон аз саросари ҷаҳон намоиш дода мешаванд.
Иштироки ширкатҳои сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар хориҷи кишвар, бахусус дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Arabian Travel Market» роҳи самараноки ҷалби гардишгарони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, барои васеъ гаштани ҳамкории ширкатҳои туристии ҷумҳурӣ бо ширкатҳои давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






