«25 соли Ваҳдат миллӣ 25 соли эҳёи иттиҳоду баҳамоии мост!»,- мегўяд Илёс Ғаффорзода, директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ

Июнь 26, 2022 12:09

ДУШАНБЕ, 26.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Имрӯз мо дар арафаи яке  аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик – 25-солгарди Ваҳдати миллӣ, ки дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, қарор дорем. Аз рӯзи баимзорасии «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» чоряк аср мегузарад, ки метавон онро чун  25 соли эҳёи миллию баҳамоӣ, 25 баҳори худшиносию худсозӣ, 25 соли сулҳу суботу оромӣ ва 25 қадами устувор дар роҳи сохтори ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ ба қалам дод», — чунин ибрози назар намудааст директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Илёс Ғаффорзода дар мақолаи хеш, ки ба унвонии АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст.

Дар зер андешаҳои Илёс Ғаффорзодаро бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ пешниҳоди хонандагон менамоем.

— Ин санади сарнавиштсоз Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дод, ба чакидани охирин қатраи ашки чашмони модари тоҷик хотима бахшид, ба миллати тоҷик руҳу илҳоми нав бахшида, дар сарҷамъ кардани миллат, иттиҳоду ягонагии мардум нақши бебаҳо гузошт. Се даҳа пеш тоҷик нав ба ормони таърихии худ-истиқлолияти давлатӣ расида буд, ки гирифтори даргириҳои дохилӣ, бозиҳои пасипардагӣ, сиёсатҳои духӯраи мамлакатҳои абарқудрат гардид. Давлат, миллат, истиқлолиятро нестшавӣ таҳдид мекарду сарзамини тоҷикон дигарбора рӯёрӯи бозии таърих ва «табартақсим» гашта буд.

Миллат ба марҳилае рӯ ба рӯ гашта буд, ки «доираҳои муайяни мамлакатҳои хориҷӣ ва баъзе қувваю гурӯҳҳои дохилӣ низ манфиатдори идома ёфтани ҷанг, барбод рафтани давлат ва пароканда шудани миллати тоҷик буданд. Онҳо ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ равған мерехтанд ва намегузоштанд, ки халқи тоҷик иродаи худро озодона изҳор карда, ҳамчун миллати соҳибдавлат обруманд гардад.

Гузашта аз ин, нақшаи тақсими Тоҷикистонро мекашиданд ва ҳатто дар назди созмонҳои байналмилалӣ масъалагузорӣ мекарданд. Маҳз дар ин марҳилаи тақдирсозу таърихсоз «Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расид. Ҳамин аст, ки Ваҳдати миллӣ дар таърихи миллат аз арзише баробар ба арзиши истиқлолияти давлатӣ бархӯрдор аст ва ҳатто фаротар аз он, зеро пойдориву таҳкими истиқлолият маҳз бастагӣ ба ваҳдату ҳамдилии миллат дорад.

Ҷанги таҳмили тоҷик бештар аз сад ҳазор шаҳрвандро қурбон, садҳо ҳазор модарро гирён, ҳазорҳо фарзандро бепадару садҳо занро бешавҳар карда буд. Ҷанги таҳмилии Тоҷикистон ширинии кӯдакии 55 ҳазор тифлро рабуд ва онҳоро ятими хорузор кард. 10-ҳо  миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонид.

Дар робита ба ҷойгоҳи ваҳдати миллӣ дар ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштаанд: «Ҳар касе, ки ниҳолеро сабзонда бошад, медонад дарахт соле як бор ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Ин  ниҳол ниҳоли дӯстӣ ва ваҳдат аст. Мо меваи ширини ин ниҳоли сабзондаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид ва мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад… Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».

Воқеан, ваҳдати миллӣ ҳамгуни ниҳоли борваре ҳаст, ки бо гузашти замон решаҳояш амиқтару мустаҳкамтар ва мевааш ширинтару серобтар мегардад, вале нигаҳ доштану посдорияш аз ҳуҷуми зоғу заған ва аз зарари ҳар гуна ҳашарот масъулияти бештар аз пештарро талаб менамояд. Агар имрӯз мо тоҷикон ҳамчун миллати ваҳдатофару созанда ва ташаббусгари бузургтарин тарҳҳои байналмилалӣ эътироф мегардему барои хушбахтии башарият талош меварзем, ҳама аз баракати ваҳдати миллӣ ва самараи ин ниҳоли ҳамешасабз мебошад.

Имрӯз ҷаҳон ба таҳаввулоти ҷиддии сиёсӣ рӯ ба рӯ гаштаасту ҳеҷ давлате аз гирифтор шудан ба даргирии дохилӣ ва аз даст додани давлати миллии мардуммеҳвар эмин нест. Пойдорӣ дар баробари чунин туфонҳои худсохта танҳо бо ваҳдати милливу ҳамдиливу ҳамбастагӣ ба даст меояд. Пас, бо амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат аз як гиребон сар бароварда, намегузорем, то нохалафу сияҳдиле чашм ба ин марзу бум ало намояду барои ноором кардани зиндагии орому осоиштаи мардум мушкиле эҷод намояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 26, 2022 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДУШАНБЕ–ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар пойтахт Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон баргузор мешавад
Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон барои омӯзгорони дурдаст ва кормандони вазорату идораҳо даврҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ мегузаронад
Омӯзгорони тоҷик дар Озмуни байналмилалии «Барои саҳми назаррас дар рушди илм» соҳиби ҷойи ифтихорӣ шуданд
Гулноз Аҳмадова дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ дар Донишгоҳи байналмилалии Самарқанд соҳиби медали тилло гардид
Ғолибони даври шаҳрии олимпиадаҳои фанни хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар соли 2024 муайян гардиданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намоишҳо баргузор шуданд
Мутахассисони ҷавони ихтисоси омӯзгории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба кор ҷалб шуданд
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ. Дар Тоҷикистон ба ин фанҳо диққати бештар дода мешавад
«ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ». Хонандаи тоҷик Ёқубҷон Ғуломов ғолиби озмун дониста шуд
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо муассисаҳои олии касбии Узбекистон ҳамкориро тақвият медиҳад
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар Кӯлоб бо якчанд муассисаи олии ҷаҳон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
«ДУШАНБЕ–ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар пойтахт Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон баргузор мешавад