Ҳайати расмии Тоҷикистон дар Рӯзҳои рушди Аврупо дар Брюссел ширкат намуд

Июнь 23, 2022 17:50

ДУШАНБЕ, 23.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 июни соли 2022 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар як ҳамоиш бахшида ба Рӯзҳои рушди Аврупо дар Брюссел иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия хабар доданд.

Дар ин сафар муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзодаро муовини аввали Вазири молия Ҷамшед Каримзода ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия  Эркинхон Раҳматуллозода ҳамроҳӣ карданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар ҳамоиш, ки ба мавзӯи «Дарвозаи ҷаҳонӣ:  бунёди шарикии устувор барои ҷаҳони муттаҳид» бахшида шуда буд, иштирок ва суханронӣ намуд.

Усмоналӣ Усмонзода доир гардидани ин ҳамоишро бамаврид ва муфид хонда, таъкид дошт, ки «Иттисоли энергетикии минтақавӣ боиси рушди ҳамкориҳо миёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо гашта, баҳри баланд бардошти сатҳи зиндагӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолии минтақа мусоидат хоҳад кард».

Дар ин бахш инчунин намояндагони ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ — Раиси Агентиии банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Ҷумҳурии Қазоқистон Асет Иргалиев, Вазири нақлиёт ва алоқаи Ҷумҳурии Қирғизистон Эркинбек Осоев, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон, Вазири сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ Азиз Абдуҳакимов, Намояндаи воломақоми Иттиҳоди Аврупо, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ хонум Ютта Урпилайнен, ноиби Президенти Бонки аврупоӣ оид ба таҷдид ва рушд Марк Бовман  иштирок намуданд.

Ташаббуси нави Иттиҳоди Аврупо «Дарвозаи ҷаҳонӣ» (Global Gateway) стратегияи ҳамаҷонибаи сармоягузории байналмилалӣ ҷиҳати таҳкими робитаҳо дар бахшҳои рақамикунонӣ, энергетика, тандурустӣ, маориф ва нақлиёт дар саросари ҷаҳон эълон шудааст.

Дар ҳошияи иштирок дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзҳои рушди Аврупо мулоқотҳои муовини Сарвазири ҶТ Усмоналӣ Усмонзода бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ  Ютта Урпилайнен, ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Рикардо Мауринё Феликс, Мудири Директорати генералӣ оид ба шарикии байналмилалии Комиссияи Аврупо Куэн Дунс, намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки аврупоӣ оид ба таҷдид ва рушд ва дигар ашхоси расмӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо перомуни ҳамкориҳои густарда ва дурнамои муносибатҳо дар бахши энергетика, аз ҷумла дар бахши сохтмони иншоотҳои бузурги энергетикӣ табодули назар сурат гирифт.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия

Июнь 23, 2022 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд