«Амонатбонк» ва «Бонки рушди Беларус» Созишномаи умумӣ оид ба маблағгузории содиротӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 11.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Байни бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳури Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Бонки рушди Беларус» Созишномаи умумӣ оид ба маблағгузории содиротӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» хабар медиҳад.
Созишномаро раиси Бонки давлатии «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ва раиси раёсати « Бонки рушди Беларус» Александр Егоров ба имзо расониданд
Санади мазкур дар доираи баргузории ҷаласаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск ба имзо расонида шуд.
Ин санад байнисоҳавӣ буда, ба имзо расонидани он дар рушди муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ ва бонкдории Тоҷикистон ва Беларус ба манфиат аст, зеро ҳадафи ҷонибҳо густариши гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо мебошанд.
АКС: Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






