Ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Июнь 3, 2022 08:15

ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 июн вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия  Ашрафҷон Гулов бо Ҳамоҳангсози зерминтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Осиёи Марказӣ Виорел Гутсу баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар медиҳад.

Зимни мулоқот тарафҳо лоиҳаҳои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии ғизо, аз ҷумла истифодаи технологияҳои нав дар соҳаи кишоварзӣ равона шудаанд, муҳокима намуданд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Анқара

Июнь 3, 2022 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд