БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН! Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Олимпиадаи байналмилалии технологияҳои иттилоотии «ISI Junior-2022» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 1 июл дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 9 феврали соли 2022 нахустин Олимпиадаи байналмилалии технологияҳои иттилоотии «ISI Junior-2022» дар Тоҷикистон оғоз мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иттилоъ дод.
Бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон аз 1 то 7 июл Олимпиадаи байналмилалии технологияҳои иттилоотии «ISI Junior-2022» доир мегардад ва дар он иштирокчиён аз 13 кишвари ҷаҳон даъват шудаанд.
Олимпиада ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ (солҳои 2020-2040), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли 2020 эълон шудааст, бахшида шуда, ҳадафи он кашф намудани истеъдодҳои ҷавон бо тафаккури техникӣ, ба омӯзиши фанҳои математика, дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани хонандагони мактабҳо нигаронида шудааст. Дар олимпиадаи мазкур 27 дастаҳои олимпии наврасон бо шумораи 158 нафар хонандагон ва 28 мураббӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Беларус, Афғонистон, Туркманистон ва Федератсияи Русия иштирок менамоянд.
Инчунин хонандагон аз давлатҳои Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Шри-ланка, Чин, Сурия ва Куба бо теъдоди 20 даста, ки шумораи онҳо 134 нафарро ташкил медиҳанд ба тариқи фосилавӣ дар олимпиадаи мазкур ширкат меварзанд.
Соли гузашта чунин олимпиада аз 1 то 10 июл дар Русия баргузор шуд, ки дар он иштирокчиёни тоҷик дар шакли фосилавӣ ҷойҳои 2 ва 3-юмро гирифтанд.
АКС аз манбаҳои боз








Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт






