Бори аввал дар Тоҷикистон «Симфонияи нуҳум»-и Бетховен садо медиҳад
ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 июн дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бори аввал «Симфонияи нуҳум»-и Бетховен иҷро мегардад, иттилоъ додан ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар барнома профессори Консерваторияи Милан ба номи Дж. Верди, роҳбари бадеии театр Делфо Меникуччи, овозхонон — Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сайфулло Юсупов, Шарофат Усмонзода, Анжелика Тиман, Манучеҳр Раҳмонзода ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Елена Тиллоева ҳунарнамоӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки Людвиг ван Бетховен — бастакори олмонӣ, пианинонавоз ва дирижёр машҳур мебошад. «Симфонияи нуҳум»-ро соли 1824 иҷро намудааст. Дар эҷодиёти ӯ 240 композитсия мавҷуд аст, ки дар байни онҳо — нӯҳ симфонияи мукаммал, панҷ консерти фортепиано ва 18 квартети торӣ мебошад.
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






