Боз як кишвари дигар хостори харидории неруи барқ аз Тоҷикистон гардид

Июнь 25, 2022 14:53

ДУШАНБЕ, 25.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дарёфти харидорони умедбахши неруи барқ ​​аз неругоҳи барқии обии «Роғун»-ро идома медиҳад. Кишвар барои содироти неруи барқ ​​аз НБО «Роғун» ба Қазоқистон ба созиш расид. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз пойтахти Узбекистон ититилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз, 24 июн Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни баргузории Форуми дуюми байналмилалии энергетикии UEF 2022 дар Тошканд изҳор дошт. Дар форум роҳбарони сохторҳои энергетикии Узбекистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Охири моҳи май маълум шуд, ки захираҳои дар тобистон коркардкардаи НБО «Роғун»-ро Узбекистон харидорӣ мекунад.

«Дар бораи рушди робитаҳои энергетикӣ миёни системаҳои энергетикии Тоҷикистон ва Узбекистон аллакай ёддошти тафаҳум ба имзо расидааст, ки содироти неруи барқи  истеҳсоли  НБО «Роғун»-ро ба Узбекистонро пешбинӣ мекунад. Мо оид ба ҳамин гуна ёддошт бо ҳамкасбон аз Қазоқистон ба мувофиқа расидем ва ният дорем, ки дар ояндаи наздик онро имзо кунем», — зикр  намуд Далер Ҷумъа.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон азм дорад аз ин неругоҳ ба Узбекистон ва Қазоқистон дар як сол то 10 миллиард киловатт/соат неруи барқ ​​содирот кунад.

Вазири энергетикаи ҷумҳурӣ хотиррасон кард, ки дар аввал НБО «Норак» таъминкунандаи асосии неруи барқ дар Осиёи Миёна буд. «Имрӯз «Роғун» низ ҳамчунин. Мо бисёр хушнудем ва сипосгузорем, ки ҳамкасбони мо аз Узбекистон ва Қазоқистон аввалин шуда ба ин вокуниш нишон доданд», — тазаккур дод Далер Ҷумъа.

Ӯ илова намуд, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, ҳоло сохтмони НБО «Роғун»-ро фаъолона идома медиҳад. Дар ду агрегати ба кор андохташуда то ин дам беш аз 4,5 миллиард киловатт/соат неруи барқ тавлид карда шуд.

«НБО Роғун дар оянда на танҳо амнияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин хоҳад кард, балки ба афзоиши ҳаҷми содирот ба кишварҳои ҳамсоя мусоидат менамояд. Тоҷикистон барои афзоиши содироти энергияи сабз ба кишварҳои ҳамсоя тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод. Имрӯз ҳаҷми интиқоли содиротии мо ба Узбекистон ва Афғонистон дар як сол беш аз 3 миллиард кВт/соатро ташкил медиҳад», — гуфт дар хотима Вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳукуматҳои Узбекистон ва Тоҷикистон дар мавриди содироти неруи барқ, ки дар тобистон аз НБО-и «Роғун» тавлид мешавад, ёддошти тафоҳум имзо карданд. Шартҳо, шеваҳои интиқоли неруи барқ, ҳаҷм ва тарифҳо дар доираи созишномаи алоҳидаи хариди неруи барқ, ки қарор аст то охири соли ҷорӣ имзо шавад, баррасӣ хоҳанд шуд.

«Сухан дар бораи созишнома барои 10 сол меравад», — шарҳ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ.

Дар бораи НБО «Роғун»

НБо «Роғун» бузургтарин неругоҳи барқи обии Осиёи Марказӣ буда, иқтидори лоиҳавии он дар як сол 13,1 миллиард киловатт/соат мебошад. Сохтмони сарбанди он моҳи октябри соли 2016 дар шаҳри Роғун дар соҳили дарёи Вахш оғоз шуда буд. Дар маросими  оғози сохмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштанд. Сарбанди неругоҳ бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон хоҳад буд.

НБО «Роғун» дорои шаш агрегати ҳар кадоме бо иқтидори 600 МВт хоҳад буд. Бо иқтидори умумии 3600 МВт (беш аз 17 миллиард кВт/соат) «Роғун» бузургтарин неругоҳи барқи обии минтақа мегардад.

Агрегати якуми НБО «Роғун» моҳи ноябри соли 2018 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуд. Дар ин маросим намояндагони воломақоми як қатор кишварҳо, аз ҷумла Узбекистон ширкат доштанд. Баъди ба кор андохтани агрегати якум неругоҳ ба системам умумии энергетикии мамлакат пайваст карда шуд.

Моҳи сентябри соли 2019 агрегати дуюм ба истифода дода шуд. Дар ин маросим бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти кишвар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок доштанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 25, 2022 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли қолин афзоиш ёфтааст
Таҳкими ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои саноат ва воридоти технологияҳои нав бо намояндагони BVMW баррасӣ гардид
Бонки Осиёии рушд омодагияшро барои ҷудо намудани 500 миллион доллар барои сохтмони неругоҳи «Роғун» тасдиқ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Таъсиси Маркази тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ва Маркази фанноварӣ ва инноватсионии рақамӣ дар Душанбе баррасӣ шуд
Ҷаласаи нахустини ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид
HUKUMAT.TJ. Тамоми сомонаҳои расмии мақомоти давлатии Тоҷикистон ба ин платформаи рақамӣ гузаронида мешаванд
Оё кишоварзони Тоҷикистон аҳолиро бо картошкаи ватанӣ пурра таъмин карда метавонанд?
Дар Шероз Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расид
Масъалаҳои ҷалби сармояи Британияи Кабир ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд
Ҳамкорӣ дар самти рушди технологияҳои инноватсионӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон тақвият меёбад
Бо иштироки ҷавонони волонтёри гуногунихтисос ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид