Дар Ашт ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қадрдонӣ шуданд
ХУҶАНД, 29.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 июн дар Ашт ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қадрдонӣ шуданд, иттилоъ доданд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода бо «Диплом» ва «Сипоснома»-ҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия бо иштироки 573 довталаб Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи 5 бахш ҷараён гирифта буд.
Пас аз муайян ва ҷамъбаст кардани озмун 50 нафар бо дипломҳои дараҷавии 1,2,3 ва кумакпулии яквақта сарфароз гардонида шуданд. 31 нафар барои иштироки фаъолона бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ шарафёб гардиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт








Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад






