Дар Бадахшон қуллаҳои Маяковский ва Октябрский расман ба номи шоирон Мирсаид Миршакар ва Мўъмин Қаноат номгузорӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, даъвати шашум номи ду қулла иваз гардид. Қуллаи Маяковский ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ва қуллаи Октябрский ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат гузошта шуд ва ин номгузорӣ аз тарафи вакилони халқи вилоят якдилона дастгирӣ ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.
«Ин иқдом бо дарназардошти тавсияи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди ходимони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров амалӣ карда шуд», — илова кард манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки моҳи май дар ҷараёни Конфронси илмиву адабӣ ба ифтихори 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ба Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот пешниҳод гардид, ки ду қуллаи қаторкӯҳҳои Помир ба номи шоирони шаҳири ин диёр Мирсаид Миршакар ва Мўъмин Қаноат номгузорӣ шаванд.
Ин пешниҳод аз ҷониби Раиси вилоят дастгирӣ ёфт ва ҳамакнун зимни иҷлосия номгузорӣ шудани қуллаҳо расман эълон шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ








Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд






