Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии олимпӣ Фестивал баргузор шуд

Июнь 23, 2022 06:00

ДУШАНБЕ, 23.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрўз  дар Боғи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ба ифтихори Рӯзи байналмилалии олимпӣ Фестивали олимпӣ дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дар ин бора ба  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  аз  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросими кушодашавии Фестивал  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон   Абдулло Раҳмонзода, ноиби Президенти КМОТ, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров, котиби генералии КМОТ Абдуллозода Муҳаммадшо, директори генералии КМОТ, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Парвиз Собирзода ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.

Абдулло Раҳмонзода ҳизиринро бо Рӯзи байналмилалии олимпӣ табрик намуда, аз ҷумла иброз дошт: «Тоҷикистон аз соли 1996 дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад ва варзишгарони мо 4 медали олимпӣ ба даст овардаанд – 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ.  Ҳар сол 23 июн ба муносибати барқарор шудани ҳаракати олимпӣ дар шакли муосир, дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад. Дар ин бора моҳи январи соли 1948 дар иҷлосияи 42-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор қабул шуд. 23 июни соли 1894 дар шаҳри Парижи Фаронса Конгресси байналмилалӣ оид ба проблемаҳои тарбияи ҷисмонӣ доир гашт, ки дар он намояндагони 12 давлат иштирок карданд ва Кумитаи байналмилалии олимпиро таъси доданд. Маҳз ҳамин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ интихоб шуд, ки мақсад тарғиби варзиш дар тамоми ҷаҳон ва ҷалби одамон, новобаста аз синну сол, ҷинс ва имконияти онҳо ба варзиш мебошад».

«Мо дар арафаи 25-ум солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Бо талошу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 ҷанги дохилӣ дар кишвар анҷом ёфт ва имрӯз мо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ дорем. Сулҳу ваҳдат асоси рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла варзиш мегардад. Агар мо ба таърихи Ҳаракати олимпӣ назар афканем, мебинем, ки Бозиҳои олимпии соли 1916 бо сабаби Ҷанги якуми ҷаҳон ва солҳои 1940 ва 1944 бо сабаби Ҷанги дуюми ҷаҳон баргузор нашуданд», — афзуд  А. Раҳмонзода.

Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 бо мақсади ҳимояи шарафи варзиши Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, таъмини рушди олимпизм дар ҷумҳурӣ Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъсис ёфта, 24-уми сентябри соли 1993 ба узвияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ пазируфта шуд.

Таъкид гардид, ки баъд аз Президенти Кумитаи миллии олимпӣ интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2009 соҳаи варзиш, аз ҷумла Ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ бештар рушд кард, хусусан, баъд аз мулоқоташон бо варзишгарон  20 декабри соли 2010. Аз ин пештар, 28 марти соли 2007 Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи баргузор намудани Дави миллӣ» ба имзо расид, ки ин чорабинии муҳим дар роҳи солим нигоҳ доштани ҷомеа якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир мегардад ва ҳар сол сафи иштирокчиёни он дар ҳоли афзудан аст. Қабл аз соли 2007 – солҳои 2005 ва 2006 Дави олимпӣ доир гардида, дар аввалин Дави олимпӣ  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуданд.

Боиси хушнудии мост, ки маҳз бо дастури  Сарвари давлат имрӯз ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар  бе толору майдончаҳои варзишӣ сохта намешаванд. Инро мо зимни сафарҳои кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар мушоҳида мекунем.

Ташаббуси созанда ва ғамхоронаи Пешвои миллат нисбат ба варзишгарон он аст, ки 9 январи соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис ёфт. Бо амрҳои Президенти ҷумҳурӣ солҳои 2015-2021 201 варзишгар, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда, сазовори медал гардидаанд ва мураббиёни онҳо сазовори ин ҷоиза шуданд. Ҳаҷми умумии маблағи ҷоиза 4 392 500 сомониро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки  дар чорабинӣ мазкур, намудҳои гуногуни варзиш намоиш дода шуда, ба як қатор федератсияҳо ва мактабҳои варзишӣ сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим гардид.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июнь 23, 2022 06:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон барои ҷамъомади тамринӣ ба Қатар рафт
Байни «Саноатсодиротбонк» ва Клуби футболи «Истиқлол» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Панҷакент мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ баргузор мешавад
ФУТБОЛ. Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар чемпионати CAFA-2025 иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
Зуҳал Хуҷаназарова нахустин маротиба дар бозии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё-2024/2025 ба ҳайси нозир фаъолият менамояд
Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон барои мизбонии Ҷоми Осиё-2031 пешниҳоди муштарак ирсол менамоянд
Дастаи «Истиқлол» барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон тими Арабистони Саудӣ бозии дӯстон мегузаронад
ФУТБОЛ. Гулмуроди Саъдулло бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои Индонезия ва Баҳрайнро доварӣ менамояд
«ҶОМИ РУШД-2025». Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар дастаи Эрон зафар ёфт
ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Беш аз 1,7 миллион сомонӣ ба ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ супорида шуд