Дар Душанбе масъалаҳои мониторинги пиряхҳо ва истифодаи таҷрибаи Русияро дар ин самт муҳокима карданд

Июнь 8, 2022 12:05

ДУШАНБЕ, 08.06.2022/АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мониторинги пиряхҳо ва истифодаи таҷрибаи Русия барои табодули таҷрибаи кормандон дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Вазири захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Русия Александр Козлов дар Душанбе баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон иттилоъ медихад, ки мусоҳибон инчунин масъалаи марбут ба минтақаҳои табиии махсус ҳифзшавандаро баррасӣ намуда, доир ба дурнамои ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Русия изҳори назар карданд.

Бояд тазаккур дод, ки сафари Александр Козлов ба Точикистон дар доираи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» сурат гирифт.

 АКС: Кумимтаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Июнь 8, 2022 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд