Дар Душанбе масъалаи содагардонии расмиёти савдо баррасӣ шуд

Июнь 2, 2022 08:45

ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳо вобаста ба татбиқи супоришҳои қаблии Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо /КҲСРС/  раванди амалигардонии «Реҷаи гармӣ», инчунин мушкилот дар самти дастрас намудани рухсатнома барои воридшавӣ ва хориҷшавии воситаҳои нақлиёти боркаш дар ҷаласаи чордаҳуми  КҲСРС, ки таҳти раёстаи муовини Вазири рушди иқтисоди кишвар Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар Душанбе доир гардид, баррасӣ шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Абдураҳмон  Абдураҳмонзода зикр намуд, ки мақсади асосии баргузор намудани ҷаласаҳои КҲСРС иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти суръатбахшии корҳо ҷиҳати рақамикунонии иқтисоди миллӣ, рушди иқтисоди сабз ва содагардонии расмиёти савдо дар кишвар мебошад.

Дар кори ҷаласа миёни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ муколамаи озод сурат гирифт. Зикр шуд, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 2, 2022 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд