Дар фазои боронии Данғара ва Ваҳдат 18 мушаки «Алазан-6» партоб шуд

Июнь 13, 2022 15:45

ДУШАНБЕ, 13.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо партоби 18 мушаки «Алазан-6», 5 ҳолати резиши жола дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Ваҳдатро барҳам зад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба КҲФ ва МГ.

Бино ба гузориши Хадамоти зидди жола, аз соати 13:53 то 14:34 дақиқа дар фазои боронии ноҳияи Данғара 12 мушаки «Алазан» партоб шуд ва аз резиши жола дар 3 минтақа пешгирӣ ба амал оварданд.

Инчунин аз соати 13:32 то 16:05 дақиқа партоби 6 адад мушаки навъи «Алазан-6» 2 минтақаи жоларез дар шаҳри Ваҳдатро безарар намуд.

Партоби мушакҳо садҳо гектар заминҳои кишти зироатҳои кишоварзиро аз хатар наҷот дод.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола бо мақсади ҳифзи зироати кишоварзӣ ва боғу токзори мамлакат дар минтақаҳо зидди жола садҳо мушак истифода мешавад. Бориши жола маъмулан барои зироати кишоварзӣ зарари калон меорад.

Истифода аз мушакҳои зиддижола имкон фароҳам меорад, ки хатари мазкур бартараф карда шавад.

Акс: КҲФ ва МГ

Июнь 13, 2022 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд