Дар Ховалинг ба ҷамъоварии хӯроки чорво оғоз намуданд
ХОВАЛИНГ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ховалинг рӯз аз рӯз маъракаи ҷамъоварии хӯроки чорво вусъат меёбад ва то охири мавсим хоҷагиҳои чорвопарвар мақсад доранд ду баробар аз дурнамо, ки беш аз 18000 тоннаро дар бар мегирад, барзиёд коҳу беда захира намоянд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».
Бояд зикр намуд, ки самти асосии фаъолияти кишоварзони ноҳияи Ховалинг чорводорию боғдорӣ мебошад ва дар ин ноҳия ҳамасола саршумори чорвои калони шохдор ва моли майдаро афзоиш медиҳанд. Вобаста ба ин ҳамасола нақшаи дурнамои ҷамъоварии хӯроки чорво низ зиёд мегардад. Имсол вобаста ба хуб омадани обу ҳаво, сабзиши алафҳои табиӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар аст ва хоҷагиҳои чорвопарвар ҷамъоварии хӯроки чорворо оғоз намудаанд. Чорводорон дар баробари истифодаи техникаи алафдарав талу теппаҳоро тариқи дастӣ дарав мекунанд.
Тавре сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Ховалинг Нураҳмад Иматов гуфт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии мамлакат барои осон гардидани кори деҳқонон техникаи муосири кишоварзӣ ва мошинолотҳоро ворид кардааст, ки хоҷагиҳо имкон пайдо кардаанд корҳои агротехникиро сари вақт анҷом диҳанд.
Ба гуфтаи мавсуф, босифат ва беталаф барзиёд ҷамъоварӣ намудани алафҳои табиӣ ва юнучқаю дигар намуди коҳу беда самараи воридоти ин техникаҳо мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






