Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд

Июнь 17, 2022 08:23

ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиш доир ба тарғиби дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ,  ҳифзи суботу амният, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар ҳамоиши мазкур Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ  Идизода баромад намуда, иброз намуд, ки Истиқлоли давлатӣ дар таърихи ҳар як давлат саҳифаи тиллоӣ ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз тавассути соҳибистиқлолӣ  давлат метавонад рушди ояндаи худро бо назардошти таърих, фарҳанг, анъанаву одатҳои миллӣ  ва хусусиятҳои хоси ҷуғрофии ҷойгиршавии он амалӣ намуда, дар арсаи байналмилалӣ мавқеу овози худро пайдо кунад. Агар ба муқаррароти Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, дар он зикр  карда шудааст, ки Тоҷикистон эҳёи милливу мадании халқи тоҷик, анъана ва русумоти неки таърихии онро таъмин намуда, инчунин ба ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ ҳуқуқҳои гражданӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва инкишофи озодонаи милливу маданиро замонат медиҳад.

Зикр гардид, ки 16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Кохи Арбоби шаҳри Хуҷанд вакилони мардумӣ дар шароити барои ҷумҳуриамон ниҳоят мураккаб, тақдири минбаъдаи миллатро ба сиёсатмадорӣ ҷавон ва огоҳ аз вазъи ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бовар намуданд. Аввалин қадамҳои Пешвои муаззами миллат дар он давра ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ин даъвати вакилони мардумӣ ба муттаҳидӣ, таъмини сулҳу суббот, ҳифзи манфиатҳои миллату давлат ва боло гузоштани ин арзишҳо аз ҳама гуна манфиатҳои гурӯҳиву маҳаллӣ буд. Дар нахустин савганде, ки ба ҳайси Сарвари  давлат ёд карда буданд, гуфтанд, ки «…кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама ёру бардодар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Бо ҳамин ниятҳои сулҳхоҳона ва инсондӯстона Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти кории худ шурўъ намуд. Маҳз дар ҳамин ҷаласа шакли идораи президентӣ мувақатан боз дошта шуда, аз ҷониби вакилон шакли идораи ҷумҳурии парламентӣ дастгирӣ гардид.  Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз лаҳзаи аввали ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан, самти минбаъдаи фаъолияти Парлумонро ҳамчун мақомоти созандаву ваҳдатофар ва манбаи қабули қонунҳои дар ҳақиқат ифодакунандаи иродаи халқ мушаххас намуданд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия ба шароити Истиқлоли давлатӣ таҳия ва қабул намудани Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ карда шуд.

Дар ин марҳила бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов ва дастгирии сохторҳои байналмилалӣ ба таври мусолиҳатомез ҳал намудани низоъи мусаллаҳонаи дохилӣ пеша гардида, аввалин даври  гуфтушнид байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифин аз  5 то 19 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва баргузор гардид. Дар натиҷаи вохўрие, ки аз 12 то 17 сентябри соли 1994 байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифин дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид Созишнома дар бораи оташбаси муввақатӣ ва  қатъи дигар амалиётҳои душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар дар давраи гуфтушунид ба имзо расид.  Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Созишномаи мазкур Комиссияи муштарак иборат аз намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифин таъсис дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки барои дар амал татбиқ гардидани натиҷаҳои  гуфтушунид ва Созишномаи ба имзорасида мушкилоти зиёде мавҷуд буд. Ба ҳамаи мушкилот нигоҳ накарда,  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 майи соли 1995 гуфта буданд: «Мо, аз рўзҳои нахустини ба сари кор омадан тамоми воситаҳо,  ҷаҳду талошамонро ба он равона кардаем, ки  ҳарчи зудтар дар ҷумҳурӣ оштии миллӣ, сулҳу субот барқарор гардад, онҳое, ки дар даст силоҳ доранд, онро ба замин гузоранд, гурезаҳои иҷборӣ ба манзилҳои доимиашон баргарданд ва мо ҳама якҷо, якдилу яктан шавему  ватани воҳиду ягонаамон-Тоҷикистонро обод  созем».

Ҳамин тариқ, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон натанҳо боиси қатъи низоъи мусаллаҳонаи дохилӣ, барқарори сулҳ, бозгашти гурезагон ба ватан, таъминоти иҷтимоии онҳо, балки боиси ташкил ва ташаккули Парлумони касбӣ дар мамлакат гардида, бо роҳи интихоботи озоду демократӣ беҳтарин намояндагони халқ, ҳамчунин ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси принсипи баробарӣ ба он роҳ ёфта дар қабули қонунҳои рўзмара нақши асосии худро гузошт.

Акс: МН МО ҶТ

Июнь 17, 2022 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакилони мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин мулоқот намуданд
Тадбирҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ шуд
Рустами Эмомалӣ ба Валентина Матвиенко ва Вячеслав Володин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ САРҶАМЪОНА МУБОРИЗА БАРЕМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Модар пуршукуҳ таҷлил гардид
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН. 8 зан аъзои Маҷлиси миллӣ ва 16 нафар вакили Маҷлиси намояндагон мебошанд
Дар Душанбе бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд