Дар назди мактаби №4-и Ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода сохтмони бинои иловагӣ оғоз гардид
ТУРСУНЗОДА, 08.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди муассисаи таълимии №4-и Ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз гардид. Тибқи лоиҳа иншооти мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дорои 12 синфхонаи барҳаво мебошад, иттилоъ дод хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.
Бунёди иншооти мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ҷалби соҳибкорон, инчунин дастгирии кумитаи падару модарон роҳандозӣ гардид, зеро дар муассисаи мазкур нарасидани ҷойи нишаст барои хонандагон ба мушоҳида мерасид.
Зимни сафари корӣ Раиси шаҳр Парвиз Акрамзода бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои иловагии ин мактаб шинос шуд. Маълум гардид, ки таҳкурсии бинои мазкур омода буда, сохтмончиён ба корҳои бардоштани девори он машғул мебошанд.
Парвиз Акрамзода зикр кард, ки ин иқдом дар ҳошияи татбиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ вобаста ба рушди соҳаи маориф баён гардида буданд, амалӣ карда мешавад.
«Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои иловагии мактаб моҳи сентябри соли 2023 ба истифода дода шуда, мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст дар ин муассисаи таълимӣ пурра бартараф мегардад», -афзуд Раиси шаҳри Турсунзода.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат бо мақсади муҳайё намудани шароити таҳсил дар заминаи 25 мактаб сохтмони 265 синфхонаи иловагӣ барои 6360 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома доранд.
АКС: МИҲД ш. Турсунзода








Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид






