Дар Қоҳира 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

Июнь 10, 2022 16:33

ДУШАНБЕ, 10.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 июн дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср ба истиқболи 30-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими ин кишвар мулоқот баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Заробиддин Қосимӣ ва меҳмони маҳфил — Муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, ки бо сафари корӣ дар Қоҳира ҳузур дорад, доир ба нақши ин иҷлосияи сарнавиштсоз дар эҳёи сулҳу созиш ва эҷоди ваҳдати миллӣ сухан гуфта, аҳли нишастро ба омӯзиши амиқу дурусти таърихи гузашта ва муосири Тоҷикистон, арҷгузорӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва ба хусус ба заҳматҳои сулҳсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд.

Ба аҳли нишаст ҳамчунин филми мустанад доир ба оқибатҳои пурдаҳшати ҷангу нооромии солҳои аввали Истиқлоли Тоҷикистон, расидан ба сулҳу оромӣ ва бунёдкорию созандагӣ намоиш дода шуд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 10, 2022 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд