Дар Суғд бори ҳаштум аст, ки Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо доир мешавад

Июнь 9, 2022 13:41

ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17-18 июн дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузории ярмаркаи савдо- таҳкими муносибатҳои дарозмуддати тиҷоратӣ ва шарикии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, сармоягузорон ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ тавассути фароҳам овардани замина барои намоиши иқтидори маҳсулот, ҳамкорӣ, имконият ва таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои хориҷӣ ва бастани шартномаҳо барои содироти маҳсулот мебошад.

Дар доираи ин ярмаркаи  сатҳи минтақавӣ ҳамзамон гузаронидани Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки дар ярмарка ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд.

Мавриди зикр аст, ки  дар вилояти Суғд 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дорад. Дастовардҳои вилоят  дар бахшҳои саноати кӯҳиву металлургӣ,  сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди пахтаву нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, масолеҳи сохтмонӣ назаррас буда, имконият барои густариши ҳамкорӣ фаровон аст.

Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2022» бори ҳаштум аст, ки бо мақсади муаррифии имконияти иқтисодиву саноатӣ ва кишоварзиву сайёҳии вилояти Суғд, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят ва таҳкими муносибатҳо гузаронида шуда, он соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус  барпо нагардид.

Ёдовар мешавем, ки 19-20 октябри соли 2021  дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд  Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2021» доир шуд. Дар доираи  баргузории ин Ярмарка ва Форуми «Имконоти тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо»   беш аз 100 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2021» беш аз 200 нафар тоҷирону соҳибкорон ва сармоягузорон аз Русия ва Узбекистон, зиёда аз 200 нафар соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатии вилоят ва дигар минтақаҳои кишвар иштирок карда, бо шарикони тоҷики худ дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд.

АКС: аз Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Июнь 9, 2022 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид