ФУТБОЛ. Имрӯз бозии дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Зафаробод баргузор мегардад

Июнь 21, 2022 15:09

ДУШАНБЕ, 21.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозии ба таъхир гузошташудаи даври 9-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистонро бо дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод анҷом медиҳад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бозии мазкур дар шаҳри Хуҷанд дар Варзишгоҳи «Спартак», соати 17:30 барпо мегардад. Мавриди зикр аст, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе омодагӣ худро ба бозии мазкур дар дараи Алмосӣ шаҳри Ҳисор гирифтааст.


Натиҷаи дастаҳо дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ

                                                                 Б  Ғ  М  Б  Т    И
1  «Хатлон» (Бохтар)                            8  5  3  0  10-4  18

2  КМВА(Душанбе)                               7  4  1  2  11-10   13

3  «Равшан» (Кӯлоб)                            6  3  2  1  6-5  11

4  «Файзканд» (Восеъ)                         7  3  2  2  10-11  11

5 «Хуҷанд» (Хуҷанд)                            8  2  4  2  6-4    10

6  «Эсхата» (Хуҷанд)                            6  2  1  3  11-12 7

7  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)        8  2  1  5  8-11   7

8  «Равшан» (Зафаробод)                  8  1  3  4  8-15  6

9  «Истиқлол» (Душанбе)                  3 1  2  0  4-3 5

10   «Истаравшан» (Истаравшан)   7  1  1  5  7-7    4

Рӯйхати голзанҳои пешсаф: Дилшод Бозоров, Шарафҷон Солеҳов (КМВА) бо  5 тӯбӣ, Мбеке Сиябатчу Деудони («Истаравшан»), Санҷар Рихсибоев («Эсхата»), Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ») – бо  4 тӯбӣ  қарор доранд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 21, 2022 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи наврасони тоҷик дар Ҷоми Осиё-2023 бо дастаҳои мунтахаби Австралия, Арабистони Саудӣ ва Чин бозӣ менамояд
Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА тағйир ёфт
Имрӯз маросими қуръакашии Ҷоми Осиё байни футболбозони то 17-сола баргузор мегардад
ФУТБОЛ. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кувайт бозии дӯстона баргузор карданд
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кувайт бозии дӯстона мегузаронанд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагии худро ба бозии дӯстона бо Амороти Муттаҳидаи Араб идома медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дӯстонаро бо дастаи Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом дод
ФУТБОЛ. Маросими қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум баргузор гардид
ФУТБОЛ. 22 март мунтахаби Тоҷикистон ба Абу-Забӣ меравад
Ҷанни Инфантино бори дигар ба вазифаи президенти Федератсияи байналмилалии футбол интихоб гардид
ФУТБОЛ. Петр Сегрт ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистонро барои бозии дӯстона бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт эълон кард
Дастаи «Ҳосилот» барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023 гардид