Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 2 миллиарду 735 миллион долларро ташкил дод

Июнь 16, 2022 11:39

ДУШАНБЕ, 16.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон тибқи натиҷагирии 5 моҳи соли равон 2 миллиарду 735,9 миллион долларро (аз ҷумла воридот — 1,8 миллиард, содирот — 848,2 миллион доллар) ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 4,4 фоиз ё 115,1 доллар афзоиш ёфтааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон — Русия бо 611,3 миллион доллар, Қазоқистон – 544,6 миллион доллар ва Чин бо 550 миллион доллар мебошанд.

Тавре қаблан ба АМИТ «Ховар» директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода иброз дошт, гардиши савдои берунии Тоҷикистон дар соли 2021 тақрибан 40 фисад дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2020 боло рафта, 6,4 млрд долларро ташкил дод.

«Дар соли 2021 гардиши савдои хориҷии кишвар 6359,1 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 39,5 фоиз зиёд аст», — гуфт ӯ.

«Директори агентӣ зикр кард, ки содирот дар сохтори гардиши савдои беруна ба 33,8 фоиз расида, воридот – 66,2 фоизро дар бар мегирад. Ба гуфтаи ӯ, аз љумњурb маҳсулот ба андозаи 2,15 млрд доллар содирот карда шудааст, ки 52,8 фоиз нисбат ба соли 2020 бештар аст. Дар сохтори содироти маҳсулоти саноатӣ 41,7 дарсад аз ҳаҷми умумиро металлу сангҳои қиматбаҳо, 16 дарсадро маъданҳои фоиданок ва консентратҳо, 6,3 фисад алюминийи аввалия ва 9,4 фоиз нахи пахта ташкил доданд.

Ба ҳисоби пул, фурӯши маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар соли 2021 36,6 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 16,6 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Ҳамагӣ дар соли 2021 аз ҷумҳурӣ тақрибан 209 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон асосан ба хориҷи кишвар металҳои қимматбаҳо, алюминий, семент, пахта, қувваи барқ, инчунин меваю сабзавотро содирот мекунад. Ҷумҳурӣ бештар аз шарикони беруна ғалладонагӣ, маҳсулоти нафтӣ ва сӯзишворӣ, гази моеъ, нақлиёт ва техникаро ворид месозад.

АКС: аз манбаъҳои боз

Июнь 16, 2022 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид