ИҶОЗАТИ ПАРВОЗ МЕПУРСАНД. Ду ширкати ҳавопаймоии Русия мехоҳанд ба Тоҷикистон парвозҳои мустақим анҷом диҳанд
ДУШАНБЕ, 16.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Якбора ду ширкати ҳавопаймоии Русия – «Азур Эйр» ва «Уральские авиалинии» барои анҷом додани парвозҳо аз Перм ба Тоҷикистон иҷозат хостаанд. Дар ин бора аз маводи ҷаласаи комиссияи байниидоравии Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ оид ба қабули ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои ҳамлу нақли ҳавоӣ бармеояд.
Тавре дар ҷаласаи ҳукумати кишвари Перми Федератсияи Русия маълум шуд, дар ҷадвали фурудгоҳи «Болшое Савино» парвозҳои нав ба Тоҷикистон метавонанд пайдо шаванд. Дар сурати гирифтани иҷозат барои ҳамлу нақли ҳавоӣ, ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» дар масири Перм-Душанбе ҳафтае ду маротиба парвозҳои нав ба нақша гирифтааст.
Ширкати ҳавопаймоии «Азур Эйр» низ қасд дорад дар масири Перм-Хуҷанд ҳафтае ду маротиба парвоз кунад.
Вазири нақлиёти кишвари Перм Андрей Алякринский зикр кард, ки дар марҳилаи кунунӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ гуфтушунидҳо барои кушодани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ба дигар кишварҳои хориҷи наздик идома доранд.
Барномаи субсидияи парвозҳо дар соли 2022 262 миллион рублро пешбинӣ мекунад.
Ҳоло фурудгоҳи Перм дар 27 самт фаъолият мекунад. Дар байни онҳо се самти байналмилалӣ — Туркия, Қирғизистон ва Узбекистон мебошад.
Қобили зикр аст, ки қаблан ширкати ҳавопаймоии «Северный ветер» қасд дошт тавассути ин самтҳо ба Тоҷикистон парвоз анҷом диҳад.
Ёдовар мешавем, ки панҷ ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Русия, аз қабили «Сибир», «Ютэйр», «Уральские авиалинии» ва «Северний ветер» дар як ҳафта 145-150 маротиба аз Тоҷикистон ба 16 шаҳрҳои Русия парвозҳо анҷом медиҳанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, парвозҳо ба шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Душанбе сурат мегиранд. Айни замон як ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon Air» ба шаҳрҳои Русия парвозҳо анҷом медиҳад.
Тибқи иттилои Азиз Набизода, айни замон ҳавопаймоҳои «Уральские авиалинии» аз шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанбе ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Қазон, Краснодар, Уфа, Самара, Минводи ва Челябинск парвозҳо анҷом медиҳанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
ДАР АКС: ҳайати сарнишинони «Уральские авиалинии». Акс аз манбаъҳои боз








«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад






