ИЗҲОРОТИ ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи сарҳадӣ дар марз бо Қирғизистон

Июнь 14, 2022 16:19

ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «14 июни соли 2022 дар минтақаи масъулияти дидбонгоҳи сарҳадии «Кех», воқеъ дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳонаи навбатӣ ба вуқуъ пайваст. Бахусус, соати 06:00 ба вақти маҳаллӣ, дидбонгоҳи сарҳадии мазкур аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон бо истифода аз яроқи гуруҳӣ ва миномётҳо ба ҳамлаи ногаҳон гирифтор шуд», — гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ВКХ Тоҷикистон таъкид менамояд, ки дар натиҷаи ин амали таҷовузкоронаи беасос командири дидбонгоҳи сарҳадии «Кех» ҷароҳат бардошта, ба беморхонаи ҷамоати деҳоти Ворух интиқол дода шуд. Айни замон вазъи саломатии ӯ бисёр  вазнин аст.

Дар натиҷаи гуфтушунидҳои фаврии бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон миёни намояндагони сарҳадии тарафҳо доиршуда,  соати 07:30 бо вақти маҳаллӣ оташбас муяссар гардид.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ҷониби Тоҷикистон бо таассуф таъкид мекунад, ки амалҳои иғвоангезонаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон хусусияти мунтазам гирифтаанд. Ин амалҳои ғайриқонунӣ вазъиятро дар сарҳад танҳо мушкил карда, ба нигоҳдории фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии дӯстона мусоидат намекунад.

Тоҷикистон амалҳоии иғвоангезонаи хизматчиёни ҳарбии Қирғизистонро маҳкум карда, аз ҷониби Қирғизистон талаб мекунад, то ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо дар оянда чораҳои бетаъхир андешад.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 14, 2022 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд