Китоби «Насими дӯстӣ»-и Абдуҷаббор Раҳмонзода аз таърихи дӯстию бародарии халқҳои тоҷику узбек ҳикоят мекунад

Июнь 22, 2022 12:46

ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30‑умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни ҷумҳуриҳои  Тоҷикистон ва Узбекистон Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода китоби пурарзишеро таҳти унвони «Насими дӯстӣ» омодаи нашр намуд. Дар ин бора раиси Маркази миллӣ-­фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд Акбар Маҳмудов дар шабакаи иҷтимоии «Facebook» иттилоъ додааст.

Китоб дар бораи таърихи ташаккулу таҳаввули равобити адабиву фарҳангии халқҳои тоҷику узбек, ки муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ доранд, маълумот медиҳад. Ин ду халқ зери таъсири якдигар адабиёт, санъат ва фарҳанги худро пеш бурда, дар ҷаҳон шӯҳратёр гардидаанд. Дар рушди адабиёти ҷаҳонӣ нақши устувор гузошта, дӯстӣ, бародарӣ, сулҳу субот ва инсондӯстиву башардӯстиро то ба имрӯз тараннум мекунанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода дар китоб дар бораи вазъи робитаҳои адабиву фарҳангии ду халқи  дӯсту бародар ва адибони тоҷики Узбекис­тон андешаҳои ҷолиб баён намудааст.

Дипломати тоҷик дар очерки «Паёми дӯстӣ ва равобити адабӣ» таърихи ниҳоят қадим доштани муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбекро ёдовар мешавад. Зикр мекунад, ки қаробату наздикӣ ва хешу таборӣ ин ду халқро шарики ғаму шодии ҳамдигар намуда, ба насли оянда, нишонаи некии дӯстиву бародариро ба мерос гузоштаанд. Муаллиф таъкид менамояд, ки тоҷикону узбекҳо дар бисёр набардҳои сангини таърих ҳамдигарро дастгирӣ карда, паҳлӯ ба паҳлӯ алайҳи ишғолгарону истилогарон мубориза бурдаанд. Дар баробари ин, ҳунармандону меъморон бо ҳамкорӣ шаҳру шаҳристонҳо, кӯшку қалъаҳо, мадрасаву масҷидҳо, ҳисору манорҳо, роҳҳову пулҳо, гулгашту хиёбонҳо бунёд намудаанд. Фарзандони маърифатпарвари ин ду халқ соҳиби фарҳангу ҳунар гардида, намунаҳои олии хушнависӣ, наққошӣ, мусиқӣ, мусаввирӣ ва осори санъатҳои дастӣ, аз ҷумла, заргарӣ, мисгарӣ, кулолӣ, чармгарӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ ва даҳҳо ҳунари зарифро рушду такомул додаанд. Намунаҳои олии осорро дар заминаҳои санъати мусиқӣ, забону адабиёт, таъриху фалсафа, ҳандасаву риёзиёт, фиқҳу илоҳиёт ва тиб ба мерос гузоштаанд, ки онҳо мероси муштарики ин ду халқи бародар мебошанд.

Муаллиф дар ин очерк паҳлӯҳои гуногуни дӯстиро тараннум намуда, дар бораи дӯстии адабиву фарҳангии миёни кишварҳо бо далелҳои раднопазир муроҷиат менамояд. Дар бораи рушди адабиёти тоҷик ва шароити фароҳамомада барои адибони тоҷики Узбекистон ва китобҳои онҳо маълумоти муфассал овардааст. Инчунин доир ба фаъолияти имрӯзаи рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Ховар» ва саҳми онҳо барои рушди адабиёту фарҳанги тоҷикони Узбекистон нуктаҳои ҷолибро баён карда, бо мисолҳо асоснок менамояд. А. Раҳмонзода дар очерки пурмуҳтавои худ борҳо таъкид кардааст, ки дар даври сиёсати нави дӯстона Узбекистон робитаҳоро бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла бо Тоҷикистон тавсеа бахшид.

Очерки мазкур дар тарҷумаи Шоҳқаҳҳор Салимов ва Урунбой Усмон ба забони узбекӣ дар қисми дигари китоб ҷой дода шудааст. Ин имкон медиҳад, ки бародарони узбек ҳам дар бораи мазмуни мҳтавои очерк маълумот гиранд. Дар боби охири китоб, ки «Чанд сухани дигар дар боби чеҳраҳои адабӣ ва навгониҳои эҷодӣ» ном дорад, мақолаҳои «Робитаи адабиву фарҳангии халқҳои тоҷику збек», «Садриддин Айнӣ — пули дӯстии халқҳои тоҷику узбек», «Сиддиқии Аҷзӣ ва бедории фикрӣ», «Дар бораи оинаи ҷаҳоннамои миллат — «Бухорои шариф», «Боз як навиди тоза дар осмони Самарқанд» ва «Нигоҳи иҷмолӣ ба пажӯҳиши адабиётшиноси тоҷики Узбекистон»-и муаллиф ҷой гирифтааст.

Инчунин Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мақолаи «Боз як навиди тоза дар осмони Самарқанд» дар бораи фаъолияти Маркази миллӣ-­фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд ва маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии навтаъсиси «Дурдонаи Шарқ», ки дар арафаи ҷашни байналмиллии Наврӯз барои тоҷикони Узбекистон дар Самарқанд рӯи чоп омад, ибрози андеша намудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 22, 2022 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид