«МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Бохтар таҳти ин унвон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ оғоз гардид

Июнь 24, 2022 10:57

ДУШАНБЕ, 24.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон. 

Дар ин ҳамоиш, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилояти Хатлон ба ифтихори 25-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардидааст, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, олимону муҳаққиқон ва ходимони давлатию ҷамъиятӣ иштирок доранд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода зимни пешниҳоди маърўза иброз дошт, ки эҳёи сулҳ ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ дар мамлакати мо нақш ва мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бузург арзёбӣ карда мешавад, ки ҳолати мазкурро мо аз дастовардҳои муҳими сатҳи давлатии дар партави Истиқлолияти давлатӣ бавуҷудомада дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ баръало мушоҳида менамоем.


-Бо саъю кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат тамоми робитаҳои минтақавӣ ва байналмилалии кишвари соҳибистиқлоли мо таъмин гардид ва ин гувоҳи он буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати миллӣ, соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии давлатии худро комилан ба даст оварад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлати муосири Тоҷикистон нақши бунёдиро дорад, ки хизматҳои наҷотдиҳанда ва созандаи ӯ дар соҳаҳои сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат ва дигар ҷанбаҳо баръало мушоҳида мегарданд, — афзуд Э. Насриддинзода.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки ҲХДТ таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи фаъолияташ собит сохт, ки метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба пеш, ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ намояд.

«Аз забони мардуми манотиқи дурдасти кӯҳистон шунидаем, ки мегуфтанд, ки дар 70 соли замони Шўравӣ ягон роҳбари аввали ҷумҳурӣ боре ҳам ба назди онҳо наомада буданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  воқеан ҳам дар байни халқ  маҳбубияти хосса доранд, — афзуд Раиси вилоят ва илова кард, ки тайи ин муддат Сарвари давлат дар мушкилтарин ҳолатҳо ба дурдасттарин нуқоти кишвар сафар карда, бо вазъи зиндагии мардум бевосита шинос мешаванд. Пешвои муаззами миллат Тоҷикистонро ба хонаи умеди тоҷикони тамоми дунё табдил дод».


Қурбон Ҳакимзода тазаккур дод, ки «мактаби сиёсии Пешвои миллат мактаби миллии давлатдорӣ, таъмини ваҳдат ва суботи комили ҷомеаи Тоҷикистон, бунёди зерсохторҳои ваҳдати миллӣ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистон, эҳё ва меросбарӣ аз арзишҳои фарҳангиву таърихии миллат ва дигар дастовардҳо низ аз муҳимтарин комёбиҳое мебошанд, ки бо азму талош ва ҷонисориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд».

Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ дар мавзўи «Зарурат ва моҳияти таъсиси Маркази илмию тадқиқотии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» маърӯза кард.

Ба андешаи А. Азизӣ, заминаҳои ташаккул ва инкишофи фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари сиёсии сатҳи умумидавлатӣ ва умумимиллӣ қатъ намудани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, бар гардонидани гурезагон, таъмини заминаҳои мухталифи фаъолияти давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд.


Баргузории Конференсияи мазкур давоми мантиқии силсилаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни шукўҳманди истиқлоли Ватан мебошад.

Конференсия аз ҷиҳати мазмуну интихоби мавзўъ ниҳоят муҳиму арзишманд буда, таҳқиқу омӯзиши паҳлўҳои он барои аҳли илм, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ қобили мулоҳиза ба ҳисоб меравад.

Аҳамияти мактабу таҷрибаи зикршуда то ҷоест, ки дастовардҳои даҳсолаи Истиқлолро ҷамъбаст намоем, яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо ҳамчун давлат ва миллат маҳз ҳамин ташаккули мактаби давлатдории муосири миллӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июнь 24, 2022 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Дар баъзе маҳаллаҳои Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
АМАЛИЁТИ «ИСТГОҲ». Дар Тоҷикистон танбашавӣ ва ё дар таваққуфгоҳ нигоҳ надоштани воситаҳои нақлиёт ташвишовар боқӣ мондааст
Моҳи октябри соли 2022 WhatsApp ба таври доимӣ дар қатори смартфонҳои кӯҳна хомӯш карда мешавад
Дар корхонаи дўзандагии «Лола»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ 30 нафар занони хонашин бо кор таъмин шуданд
Рустам Ҳайдаров, сиёсатшинос: «Низоме, ки зан-модарро таҳқир мекунад, мубтало ба фаност!”
Қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо» баррасӣ шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КУҲАНСОЛОН. Саргеронтологи Тоҷикистон: «Мо бояд неруи пиронсолонро чун сарвати миллии кишвар эътироф намоем»
САҲМИ ХУДРО ДАР СОХТМОНИ АСР БИГЗОР! Неругоҳи «Роғун» омода аст беш аз 2,6 ҳазор нафарро бо кор таъмин намояд
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират доир гардид
КАНАЛИ МЕЛИОРАТИВИИ ИШКОШИМ. Он барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида мусоидат менамояд
БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Андешаҳои устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ин маврид
Арзиши патенти муҳоҷирон дар кишвари Приморск барои соли 2023 муайян гардид