Маркази миллии тестӣ: Дар марҳилаи асосии бақайдгирӣ ИМД-2022 ихтисосҳои сертаваҷҷуҳ муайян гардиданд

Июнь 14, 2022 17:01

ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли равон хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат бештар ихтисосҳои тиб, ҷамеашиносӣ ва ҳуқуқро интихоб намуданд, иброз намуд ба АМИТ «Ховар» муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулвосит Шодиниё.

«Дар марҳилаи асосиии бақайдгирӣ, ки аз 1 март то 30 апрел ҷараён дошт, дар ҷойи аввал таваҷҷуҳ бештар ба гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум — «Тиб, биология ва варзиш», дар ҷойи дуюм ихтисосҳои 4-ум — «Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ» ва ҷойи сеюм ихтисосҳои 3-юм — «Филология, педагогика ва санъат» равона гардидааст, ки довталабон аз нақшаи пешниҳодгардида бештар ҳуҷҷат супориданд», — афзуд мавсуф.

Ба гуфтаи Абдулвосит Шодиниё, «соли равон шумораи довталабони таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11‑ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ нисбат ба соли гузашта камтар аст. Шумораи довталабони таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9‑ум) нисбат ба соли 2021 зиёд мебошад».

Бояд гуфт, ки барои марҳилаи асосии бақайдгирии ба ИМД-2022 дар 34 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 40 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил гардида буд.

Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хоҳишмандон ва шахсоне, ки дар марҳилаи асосии натавонистанд ҳуҷҷатҳои худро супоранд, марҳилаи иловагии бақайдгириро ба роҳ монд.

Хоҳишмандоне, ки дар марҳилаи асосии бақайдгирӣ (аз 1 март то 30 апрел) номнавис карда натавонистанд, метавонанд дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ, ки аз 10 то 30 июн идома меёбад, барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур худро номнавис намоянд.

Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2022, ки тибқи нақшаи қаблӣ танҳо дар шаҳри Душанбе бояд гузаронида мешуд, дар шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда низ ба роҳ монда мешавад.

Шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД-2022 метавонанд барои номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ муроҷиат кунанд.

Довталабоне, ки дар марҳилаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10 то 30 июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд барои ин кор худро аз нав сабти ном кунанд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо марҳилаи иловагии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.

Хоҳишмандон метавонанд барои шиносоии пурра ба сомонаи ММТ «www.ntc.tj» муроҷиат намоянд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 14, 2022 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 забони хориҷӣ омӯзонида мешавад
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳ ва дӯстӣ» ҳамоиш баргузор гардид
1 январ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили зимистона мебароянд
Дар ноҳияи Шоҳмансур 34 омӯзгор ва 697 хонандаи фаъол қадрдонӣ гардиданд
Таҳти унвони «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифи таърихи халқи тоҷик» конференсия баргузор шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон омӯзиши забони ҳиндӣ баррасӣ гардид