Масъалаи зиёд намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи тиҷоратии Истамбул баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Мурод Саидзода бо Ректори Донишгоҳи тиҷоратии Истанбул, профессор, доктор Юҷел Оғурлу баргузор гардид.
Дар суҳбат мавзӯъҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи илму маориф, шароитҳои таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ, тақвияти равобит байни мактабҳои олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба имкони зиёд намудани бурсияҳо дар донишгоҳи мазкур табодули афкор намуданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 14 июн Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Мурод Саидзода бо Ректори Донишгоҳи Истанбул, профессор, доктор Маҳмут Ак мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи илму маориф, масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои илмиву гуманитарӣ миёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур баррасӣ гардиданд.
Аз ҷумла, мубодилаи академикӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои мухталиф, имкони зиёд намудани бурсияҳо ва беҳтар намудани шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар донишгоҳи мазкур зарур шумурда шуданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд






