Масъулини соҳа масъалаи хизматрасонии тиббии ройгон ва таъминоти доруворӣ ба шахсони имтиёздорро баррасӣ карданд

Июнь 23, 2022 08:51

ДУШАНБЕ, 23.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар Тоҷикистон 284 муассисаҳои тандурустӣ тибқи «Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» ва 31 муассисаҳои дигари соҳа  тибқи «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» хизматрасонии тиббии ройгон ва ҳампардохтро амалӣ менамоянд.

Дар ин хусус муовини сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Давлатмурод Олимов дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  18 июни соли равон дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” доир гардид, маълумот дод.

Яке аз масъалаҳои матраҳшавандаи рўзномаи ҷаласаи мазкур ин риояи меъёрҳои қонунгузории амалкунанда дар самти ташкили хизматрасонии тиббии ройгон ва таъминоти доруворӣ ба шахсони имтиёздор буд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» аз 2 декабри соли 2008, №600 дар 41 муассиса ба ҳама хизматрасониҳо, дар 114 муассиса ба баъзе шуъбаҳо, дар 131 муассиса дар бахшҳои ёрирасон, аз ҷумла 32 марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, 10 зерсохторҳои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва 8 марказҳои мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ хизматрасонии тиббии ройгон ва ҳампардохт ба роҳ монда шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки ба ғайр аз ин  масъала  дар ҷаласаи мазкур  се мавъзўи  дигар — «Ҷамъбасти мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ва омодагии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023», «Таҳлили фаъолияти шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ», «Таҳлили вазъи воқеии хизматрасонии тиббӣ дар самти ташхис, табобат ва назорати дармонгоҳии бемориҳои дил ва ҷарроҳии дил дар ҷумҳурӣ»  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 23, 2022 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад