Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар тибқи Стипендияи «Дурахшандагон» тамдид гардид
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки қабули ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар зинаҳои таҳсилотӣ: бакалавр, мутахассис, магистратура (ординатура), аспирантура ва докторантура то 20 июн идома меёбад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» хабар доданд, аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин: ариза, анкетаи шакли муқарраршуда, нусхаи шиноснома, нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи шаҳодатномаи таваллуд, ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот, аттестат ё маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11 будан, нусхаи диплом бо замимаҳояш (барои дарёфти зинаи таҳсилоти бакалавр, мутахассис, магистр, аспирант ва доктор), маълумотномаи тиббӣ 0,86 ё 0,38 ва ВИЧ/СПИД, маълумотномаҳо аз диспансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ, сертификати забонҳои хориҷӣ (TOEFL/IELTS, HSK ва ғайра (дар ҳолати мавҷуд будан), дастовардҳои довталаб (дипломи дараҷаи 1,2,3, сертификат, медал, ифтихорнома ва ғайра дар ҳолати мавҷуд будан), реферат аз рӯи мавзӯи интихобгардида (барои дарёфти зинаи аспирант ва доктор), мактуби тавсиявӣ (рекомендательное письмо), маълумотнома аз ҷои истиқомат, нусхаи шиносномаи падару модар, маълумотнома аз ҷои кори падару модар (дар ҳолати мувақатан бекор будани волидайн аз шуъбаи шуғли аҳолии ҷои истиқомат пешниҳод намудани маълумотнома), 4 дона расми ранга 3х4 ва маълумотномаи надоштани доғи судӣ талаб карда мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд маълумоти муфассалро доир ба ихтисосоҳои пешниҳодгардида ба «Маркази барномаҳои байналмилалӣ», воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 (рӯ ба рӯи Алиф Сармоя) муроҷиат намоянд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир
«КИТОБ — БЕҲТАРИН АРМУҒОН». Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 200 китоб тақдим гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илму маориф ҳамоиш баргузор шуд
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар Душанбе дар нуҳ сол беш аз 54 мактаб ва 42 муассисаи томактабӣ сохта шудааст
Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид






