Намоиши «Ханума»-и ҳунармандони Тоҷикистон дар Фестивали IV байналмилалӣ ба саҳна гузошта мешавад

Июнь 18, 2022 10:36

ДУШАНБЕ, 18.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 23 июн ҳунармандони Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский дар Фестивали IV байналмилалии театрҳои хориҷии Русия иштирок мекунанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фестивали IV байналмилалии театрҳои хориҷии Русия дар шаҳрҳои Саранск ва Тамбови Федератсияи Русия доир гардида, дар он ҳунармандони театрҳои Русия, Арманистонӣ, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон иштирок мекунанд.

Ҳунармандони Тоҷикистон дар фестивлаи мазкур ду намоиш «Ханума»-и А. Сагарели ва «Шаб дар театр»-и А.П. Чеховро  ба  намоиш  мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали IV байналмилалии театрҳои хориҷии Русия аз ҷониби Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия ва Бунёди «Стремление» ташкил гардидааст. Фестивал соле як маротиба барпо мегардад. Аввалин маротиба соли 2019 дар Маскав, соли 2021 дар Ярославл баргузор шуда буд.

 

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ/манбаъҳои боз

Июнь 18, 2022 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд