Сафири Тоҷикистон бо муовини Мудири кулли Палатаи савдо ва саноат ва Ректори Донишгоҳи Кувайт мулоқот намуд

Июнь 15, 2022 15:01

ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 июн Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода  бо муовини Мудири кулли Палатаи савдо ва саноати Кувайт Имод аз-Зайд ва Мудири (Ректор) Донишгоҳи Кувайт доктор Юсуф ар-Румӣ мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот бо  муовини Мудири кулли Палатаи савдо ва саноати Кувайт Имод аз-Зайд масъалаҳои ҷалби сармоягузорони кувайтӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, афзоиш додани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни ду кишвар,  инчунин баргузории форумҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардиданд.

Инчунин дар мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Мудири (Ректор) Донишгоҳи Кувайт доктор Юсуф ар-Румӣ роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи таълим, роҳандозии равобити мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Кувайт,  инчунин зиёд намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик аз рӯи ихтисосҳои зарурӣ баррасӣ гардиданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 15, 2022 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба корҳои Аврупо мулоқот намуд
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест шинос гардид
Дар Қоҳира масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти таблиғи фарҳанги сулҳ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири нави Кувайтро қабул намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон мулоқот намуд