Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти нахустини аъзои нави Гурӯҳи байнипарлумонии «Олмон-Осиёи Марказӣ ва Муғулистон» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 май Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов дар мулоқоти нахустини аъзои нави Гурӯҳи байнипарлумонии «Олмон-Осиёи Марказӣ ва Муғулистон» дар Бундестаги Олмон иштирок кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ дар баробари дигар мавзӯъҳо ҳамчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба густариши муносибатҳои мутақобилан судманд дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ изҳори ҳавасмандӣ зоҳир гардид.
Имомудин Сатторов ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таҳкими сулҳу субот дар минтақа, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо нигаронида шудаанд, тамаркуз карда, ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонӣ даъват ба амал овард.
Ҳамзамон дар атрофи мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Акс: ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






