«Саломатии миллат-боигарии давлат»,- таҳти ин шиор дар Хуҷанд оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим аксияи шаҳрӣ доир шуд

Июнь 30, 2022 09:42

ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи таърихии майдони Регистони Бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд оид ба паҳншавии сироятёбии бемории ВНМО/БПНМ, бемории сил, солимии репродуктивӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, тарғиби тарзи ҳаёт солим байни аҳолӣ аксияи шаҳрӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади таъмини солимии аҳолӣ ва пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатӣ ва Стратегияҳо қабул гардидааст. Чорабинии мазкур низ ҷиҳати татбиқи нақшаи амали «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки як бахши он ба «Занон ва тандурустӣ» бахшида шудааст, бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оила бо иштироки намояндагони муассисаҳои тиббии шаҳру вилоят сурат гирифт.

Дар аксия кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят ва шаҳр, Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ-и вилояти Суғд, ташкилоти ҷамъиятии «Сарчашма» ва ғайраҳо фаъолона иштирок намуда, бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Июнь 30, 2022 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шаҳринав 13 рӯз бо ин тадбири муҳим фаро гирифта мешаванд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ – ИНТИХОБИ МО! Ҳамасола қариб 8 млн нафар аҳолии ҷаҳон аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, мефавтанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Инсон бояд дар як шабонарӯз аз 25 то 50 грамм фалла (творог) истеъмол намояд
ДАВЛАТИ ПИРӢ. СММ даъват кард, ки 50 роҳбар барои ҳимояи ҳуқуқи пиронсолон дар кишварҳои худ қадрдонӣ шаванд
ЧОРМАҒЗ, БОДОМ, ПИСТА. Профессор Ҷаҳон Азонов ин се маҳсулотро арзишмандтарин, болаззаттарин ва муфидтарин номид
ТОҶИКИСТОН — ЯКЕ АЗ КИШВАРҲОИ ПЕШҚАДАМИ ПЕШБАРАНДАИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР ИДМ. Ба чунин хулоса омадааст созмони бритониёии Abbey Care Foundation
Имрӯз дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ба сокинон хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
«САЙЁРАИ МО-СОЛИМИИ МО». Пагоҳ дар Тоҷикистон ба аҳолӣ хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ — ИНТИХОБИ МО! Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи нави рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро тасдиқ намуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ — ИНТИХОБИ МО! Машғул шудан ба варзиш эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳоро кам менамояд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ – МАРОМИ МОСТ! 10 дақиқа давидан кори майнаи сарро хеле беҳтар мекунад
Истифодаи нодурусти доруҳои зиддимикробӣ ба саломатии аҳолӣ хатар дорад,- бардошт аз ҳамоиш