Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафирони кишварҳои аъзои СММ мулоқот намуд

Июнь 7, 2022 19:06

ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сафирони кишварҳои аъзои СММ, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Душанбе қарор доранд,  мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот таъкид шуд, ки Конфронси Душанбе, ки дар асоси қатъномаи якдилона қабулнамудаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи об сурат мегирад, ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои тадорукотии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба Конфронси СММ -2023 саҳми муассир мегузорад.

Тоҷикистон ҳамчун ҳамраиси ин конфронси бонуфуз бо кишварҳои узв, низоми СММ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҳамкории зичро ба роҳ мондааст.

Дар робита ба тағйирёбии иқлим ва дигаргун гаштани табиат аз ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун узви гурӯҳи муассисони Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим, ки дар ҷаласаи нахустини сатҳи баланди он пешниҳод намуданд соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардад, ёдрас карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2022 19:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд