Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 13.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 июни соли 2022 дар пайи идомаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва нишондоди айбдоршаванда Аёмбеков Толиб Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1966, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Заводи нони шаҳри Хоруғ дар шоҳидии шахсони холис ва дар ҳузури писараш Абдураҳмонов Асаналӣ Толибович дар хонаи шахсии ӯ, ки дар кӯчаи А.Аёмбеков, хонаи 58-и шаҳр воқеъ мебошад, миқдори калони силоҳу муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Аз ҷумла, дар хонаи шахсии айбдоршаванда Толиб Аёмбеков — 6 адад автомати Калашников, тамғаи АК -74 бо 15 тирдон ва 450 тири қутраш 7.62 мм;
— 1 гранатомёти зиддитанкии дастии тамғаи РПГ бо 8 гулӯла, 7 фишанги гулӯла ва 1 камарбанди гранатомёт.
Инчунин дар асоси нишондоди айбдоршаванда Гулобов Ниёзшо Аслишоевич, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Гулободи шаҳри Хоруғ, соли таваллудаш 1982, ки аз ҷониби писарамакаш Аслан Гулобов тасдиқ мегардад, аз канори манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи С.Абдураҳмон, бинои №92-и шаҳр — 15 автомати Калашников, тамғаи АК 74, мили 7,62 мм бо 11 тирдон мусодира карда шуданд.
Толиб Аёмбеков, Ниёзшо Гулобов ва Мунаввар Шанбиев аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 11 июни соли равон боздошт гардида, нисбат ба онҳо ҳаракатҳои тафтишотӣ идома доранд.
АКС: Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ/АМИТ «Ховар»












14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?






