Соҳибкорони вилояти Фарғона бо фаъолияти корхонаҳои саноатии Суғд шинос мешаванд

Июнь 1, 2022 14:23

ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони вилояти Фарғона 1-3 июн дар вилояти Суғд бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ шинос шуда, бо доираҳои соҳибкорӣ мулоқот мекунанд. Дар назар аст, ки пас аз боздиду шиносоиҳо ҷонибҳо барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак тасмим гиранд.  Ин нукта зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гурӯҳи соҳибкорон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон, ки бо роҳбарии муовини ҳокими вилояти Фарғона Алибек Турсунов ба Суғд омадаанд, зикр карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» корманди хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ  иттилоъ дод, имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гурӯҳи соҳибкорон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистонро, ки бо роҳбарии муовини ҳокими вилояти Фарғона Алибек Турсунов ба вилоят омадаанд, ба ҳузур пазируфта, иброздошт, ки “бо сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳо- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкории минтақавӣ дар ҳоли рушд аст. Миёни вилояти Суғд ва вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона ва Намангон, инчунин Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкории байниминтақавӣ санадҳо имзо гардида, дар доираи он ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст”.

Зикр шуд,  ки мубодилаи молу маҳсулот миёни минтақаҳои ду давлат сол аз сол зиёд гардида, аз вилояти Суғд нахи пахта, масолеҳи сохтмонӣ ва семент, маҳсулоти кишоварзӣ ва бисёр чизҳои дигар содирот гардида, аз Ҷумҳурии Узбекистон нуриҳои минералӣ, пойафзолу либос, масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти маишӣ ба вилоят ворид карда мешаванд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари навбатии соҳибкорони вилояти Фарғона ва мулоқот бо соҳибкорони вилояти Суғд ба рушди минбаъдаи равобит ва муносибатҳои иқтисодӣ хизмат мекунад.

Ёдовар мешавем,  ки меҳмонон давоми се рӯз аз якчанд корхонаҳои саноатии вилояти Суғд боздид намуда, бо соҳибкорони тоҷик мулоқот менамоянд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Июнь 1, 2022 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд