Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ таҳким мебахшанд

Июнь 28, 2022 16:10

ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар оянда ба роҳ мондани парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ яке аз омилҳои асосии ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон ба ҳар ду кишвар ва таҳкими ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мебошад. Ин нукта дар Форуми сайёҳӣ, ки имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Густариши ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ» баргузор гардид, зикр шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар Форум Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, Сафири Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Агентии иттилоотии сайёҳии Арабистони Саудӣ, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва роҳбарону намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, инчунин меҳмонон аз Арабистони Саудӣ иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода доир ба иқдомҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сайёҳӣ ва имконияту иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон сухан намуд.

Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҷолибияти соҳа ҷиҳати сармоягузории дохилию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар намудааст. Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ дорои имконияти хуб мебошад. Соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятнок барои рушди иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат қарор дорад. Захираҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии экологӣ, фарҳангию таърихӣ, табобатию муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ, сайёҳии шикор ва сайругаштӣ имконияти фарохеро фароҳам овардааст.

Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти соҳаи сайёҳӣ барои таъмини рушди иқтисодии мамлакат, ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, аз ҷумла дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳҳу табобатгоҳ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав ба рушди соҳа такони нав бахшид. Ҳамзамон роҳандозии тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи бераводид бо 12 кишвари ҷаҳон, амалӣ гаштани низоми соддакардашудаи раводид бо 112 давлат, сохтмон ва таҷдиду азнавсозии як қатор инфрасохтори сайёҳӣ, барои воридшавии ҷумҳурӣ ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон заминаи мусоид гузошт.

Инчунин бо мақсади кашфи бозорҳои нави сайёҳӣ, имонияту иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ, аз ҷумла дар Арабистони Саудӣ дар соли равон ба намоиш гузошта шуд.

Дар Форуми байналмилалии сайёҳӣ масъалаҳои марбут ба таҳкими муносиботи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, ба роҳ монадни ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии ҳар ду кишвар баррасӣ гардида, иштирокдорони он доир ба тавсеаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ пешниҳодҳои судманд намуданд. Инчунин имконияту зарфиятҳои сайёҳӣ ва сармоягузории Тоҷикистон тавассути рӯнамо муаррифӣ гардид.


Форуми байналмилалии сайёҳии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар Душанбе дар ҳолест, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо даъвати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири Агентии иттилоотии сайёҳии Арабистони Саудӣ Ал- Утайби Сафар бо гурўҳи фаъолони шабакаҳои интернетии ин кишвар аз 25 июн то 2 июли соли равон дар Тоҷикистон қарор доранд. Омӯзиш ва тарғиби зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои Саудӣ аз ҳадафҳои асосии сафари ҳайати мазкур мебошад.

Дар ин мудат ҳайати меҳмонони Арабистони Саудӣ аз намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2022» ва Фестивал –намоиши «Таомҳои миллӣ» дидан карда, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияи Дарвоз сафар намуданд.

Ба рӯзноманигорону фаъолони шабакаҳои иҷтимоии интернетии Арабистони Саудӣ чойхонаи «Хуррамшаҳр», «Кохи фарҳанг» дар ноҳияи Данғара, НБО «Норак» ва мавзеи сайёҳии «Пули сангин» дар шаҳри Норак, «Қалъаи Ҳулбук» ва маҷмааи фароғатии «Сайёҳон» дар ноҳияи Восеъ, мавзеи сайёҳии «Чилдухтарон» дар ноҳияи Муъминобод, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб ва мавзеи истироҳатии «Чорчаман» дар Дарвоз муаррифӣ гардид. Ҳамзамон ҳайати Арабистони Саудӣ аз маконҳои тамошобоби шаҳри Душанбе, назири «Кохи Наврӯз»боғҳои истироҳатӣ, Осорхонаи миллӣ, дараи Ромит ва мавзеи истироҳатии Архуи шаҳри Ваҳдат, истироҳатгоҳҳои «Хоҷа Оби Гарм», «Шоҳамбарӣ», «Қалъаи Ҳисор», маҷмааи истироҳатии «Шаршара» дар Ҳисор ва мавзеъҳои истироҳатии Варзоб ва шаҳри Турсунзода боздид менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 28, 2022 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом вазъи таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ беҳтар гардидааст
Имрӯз Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» анҷом меёбад
Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Фаластин дар соҳаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамкориро тавсеа медиҳанд
«ТОШКАНД-2024». Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Тошканд баргузор гардид
Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ба бунёди марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар панели сатҳи баланд марбут ба маблағгузории «сабз» дар Тифлис сухан гуфт
Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар Тифлис баррасӣ гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
Мақомоти гумрук маҳсулоти тамокуи навъи «Milano» ва «ESSE»-ро дарёфт ва мусодира намуд
Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар Боку дар форуми танзимгарони сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок доранд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва муқобилияти дастҷамъона бо он баррасӣ шуд