Тоҷикистон ва Беларус ҳавасманди тавсеа бахшидани доираи васеи ҳамкорӣ мебошанд

Июнь 7, 2022 12:59

ДУШАНБЕ, 07.06.2022/АМИТ «Ховар»/.  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Ереван (Арманистон), ки  он ҷо  ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ҷараён дорад, бо Раиси Палатаи Намояндагони Маҷлиси миллии Беларус Владимир Андрейченко мулоқот намуд.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки Тоҷикистону Беларус ба таври анъанавӣ алоқамандии  наздик дошта, кишварҳо шарикии стратегии мутақобилан судмандро пайваста тавсеа мебахшанд, ки заминаи таҳкими он  муносибати  эътимодбахшу дӯстонаи сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко мебошад.

Таъкид гардид, ки соли 2021 гардиши мол миёни Тоҷикистону Беларус беш аз 126 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 12,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳи тарафайн ба  густариши  доираи васеи  ҳамкории  мутақобилан манфиатбахш равона гардид,  ки метавонад ба пешрафти истеҳсоли васлкунии лифтҳои Беларус дар Тоҷикистон, таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли қолин, интиқоли таҷҳизоти мусофирбарӣ, кӯҳӣ ва сохтмонӣ аз Беларус, таъминоти чорвои зотии селексияи беларусӣ, зиёд кардани содироти маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла молҳои аз рӯи стандартҳои «Ҳалол» сертификатсияшуда мусоидат намояд.

Беларус дар навбати худ ба воридоти ашёи хом аз Тоҷикистон барои саноати сабук ва ҳамчунин роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва варзиш ҳавасманд аст.

Илова бар ин ҷонибҳо масъалаҳои муҳими густариши ҳамкорӣ ва таҳкими саъю талошҳои муштараки кишварҳои узви СААД дар Ассамблеяи парлумонии САҲА, инчунин таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ дар фазои ИДМ оид ба муқовимат ба сохтакории ҳақиқати таърихиро баррасӣ намуданд.

АКС: аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2022 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд