Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон ба Узбекистон сафар намуданд
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 июн то 15 июли соли равон ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон барномаи ҷолиби сиркӣ пешниҳод менамоянд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳайати ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон аз 15 нафар ҳунармандони бомаҳорат, аз қабили Мастона Собирзода, Шокир Болтаев, Вафоҷон Иззатуллоев, Алмос Илёсов, Солеҳ Юсупов, Идибек Киромиддинов, Қурбоналӣ Ҳалимов, Шаҳноза Ҷабборова, Ануша Ҳусейнзода иборат буда, онҳо барномаи ҷолиби сиркиро пешниҳоди тамошибони кишвари ҳамсоя менамоянд.
Ҳунармандон дар намуди акрабатика, гимнастика, ромкунии ҳайвонот, эквилибристика баромад намуда, ҳунару истеъдоди худро ба мухлисону ҳаводорони сирк намоиш медиҳанд.
АКС: Вазорати фарҳанг ҶТ








Таърихи фарҳанги мусиқии тоҷикро аз деворнигораҳои асрҳои VI–VIII метавон мушоҳида кард
Маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» баргузор мегардад
Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид
Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Борбади Марвазӣ — нобиғаи нотакрори мусиқии Шарқ», — бардошт аз конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»
Шоҳрух Аҳкомӣ: «Талошҳои Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд»
Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд
Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад






