ВАРЗИШ: ДАР ШАФАТИ МАЙДОН. Дар Душанбе машғулияти «Parimatch Storm» оид ба сарпарастӣ ва маркетинг баргузор шуд

Июнь 15, 2022 18:37

ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 июн дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенс»-и Душанбе бо ташаббуси «Париматч Тоҷикистон» таҳти унвони «PM Storm» машғулият оид ба сарпарастӣ ва маркетинг барои дастаҳои лигаи олӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Машғулият дар шакли ҳузурӣ ва онлайн доир шуда, дар он коршиносони байналмилалӣ аз асрори маркетинги босалоҳият ва сарпарастӣ дар доираи варзиш, ки на танҳо дар маҳал, балки дар ассотсиатсияҳо ва дастаҳои футболи Аврупо аз худ кардаанд, нақл карданд. Дар навбати худ, иштирокчиён имкон пайдо намуданд, ки доир ба мавзӯъҳои пешниҳодшуда саволҳои худро диҳанд.

Инчунин, дар доираи семинар якчанд шартномаҳои сарпарастӣ то охири соли 2022, аз ҷумла бо Федератсияи баскетболи Тоҷикистон, дастаи футболи занонаи «Зебонисо» ва сафири навбатии «Париматч Тоҷикистон» Карина Мирзоева ба имзо расонида шуданд.


«Ифтихор дорем, ки тамғаи мо «Париматч» такягоҳи воқеии варзиши тоҷик аст ва имрӯз шарики кулли Федератсияи баскетболи Тоҷикистон гардид. Мақсади мо якҷо баланд бардоштани дараҷаи баскетбол дар ҷумҳурӣ мебошад. Умедворем ва итминон дорем, ки кори муштарак ба зудӣ ба мо натиҷаи хуб хоҳад дод», — гуфт директори иҷроияи «Париматч Тоҷикистон» Алексей Вагин.

«Имрӯз мо бо хушнудӣ ҳамкорӣ бо «Париматч Тоҷикистон»-ро оғоз мекунем, ки пуштибони воқеии варзиши тоҷик аст. Ман аз номи ФБТ барои дастгирии баскетболи тоҷик дар лоиҳаҳои гуногун миннатдории самимӣ баён мекунам. Ин махсусан дар чунин соли душвор арзишманд аст. Хурсандиовар аст, ки «Париматч» минбаъд ҳам дар соҳаи инкишофи варзиш дар кишвари мо қувваи бузурге мебошад!», — гуфт намояндаи Федератсияи баскетболи Тоҷикистон.


Директори маркетинги «Париматч Тоҷикистон» Камила Сиярова таъкид кард, ки мо бо хушнудӣ шарики нави худро аз Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон муаррифӣ мекунем.

«Дастаи «Зебонисо» барои беҳтарин шудан саъй мекунад ва стратегияи аниқи амал дорад, ки натиҷаи он на танҳо дар майдон намоён аст. Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба даста дар лигаи футболи занон барору комёбӣ таманно намоям», — афзуд ӯ.


«Барои дастаи мо ин созишнома як лаҳзаи таърихӣ аст. «Париматч» аввалин сарпарасти унвонии мост ва аз ширкат миннатдорем, ки ба мо, ба орзуҳо ва дурнамои мо бовар кардааст. Мо барои вусъат додани ҳамкорӣ аллакай бисёр ғояҳои аҷиб дорем. Итминон дорем, ки дастгирии чунин ширкати бузург барои расидан ба сатҳи нави техникӣ ва тактикии дастаи мо кумак хоҳад кард», — гуфт Зебо Қосимова, мураббии дастаи занонаи «Зебонисо».

«Шодем, ки Карина Мирзоеваро ба оилаи бузурги худ, ки дар он футболбозони маъруф Нуриддин Давронов ва Фатҳулло Фатҳуллоев низ шомил ҳастанд, истиқбол мекунем. Мо бесаброна интизори оғози кори муштарак дар лоиҳаҳои ояндаамон ҳастем, ки пеш аз ҳама ба рушди футболи занона дар Тоҷикистон равона хоҳанд шуд!», — гуфт директор оид ба онлайни «Париматч Тоҷикистон» Юлия Лесик.

Футболбози дастаи занонаи «Забонисо» Карина Мирзоева дар навбати худ ба ширкати «Париматч» изҳори ташаккур гуфт. «Бароям шарафи бузург аст, ки ҷузъи ширкати дар тамоми ҷаҳон машҳур гардидам. Воқеан хушҳолам, ки ширкати чунин сатҳро муаррифӣ мекунам ва аллакай муваззаф шудаам, ки дар якҷоягӣ бо «Париматч Тоҷикистон» пирӯз гардам!», — таъкид кард ӯ.

Дар фарҷоми машғулият имзои ёддошти ҳамкорӣ миёни футболбози дастаи «Зебонисо» ва ширкати «Париматч Тоҷикистон» ба имзо расида, бо ҳамин Карина Мирзоева ба сафи сафирони ширкат дохил шуд. Шартномаи шарикӣ то охири соли 2022 бо имкони тамдиди як соли дигар ба имзо расид.

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «Ховар»:

«Париматч» яке аз бузургтарин ширкатҳои букмекерӣ дар Аврупо ва ИДМ мебошад, ки дар тӯли солҳои рушди фаъол ба яке аз пешсафони арсаи Аврупо табдил ёфтааст. Руҳияи мубориза ва кӯшиш ба рушдро «Париматч» тавассути сафирон ва дар ҳамкорӣ бо тамғаҳои ҷаҳонии варзишӣ тарғиб мекунад. Ширкат яке аз фаъолтарин бозигарони бозори маркетинги варзишӣ буда, бо федератсияҳо ва дастаҳои пешрафта ва маъруфтарин ҳамкорӣ мекунад. Бозии масъулиятнок яке аз афзалиятҳои асосии ширкат мебошад.

Дар Тоҷикистон «Париматч» дар рушди варзиш фаъолона ширкат меварзад ва аз 12 августи соли 2020 инҷониб шарики расмии беттингии Ҷом ва Суперҷом, инчунин Лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошад.

АКС: Ширкати «Париматч Тоҷикистон»

Июнь 15, 2022 18:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд