Вазъ ва дурнамои рушди шарикии стратегӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид

Июнь 18, 2022 10:19

ДУШАНБЕ, 18.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон видеоконфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Вазъ ва дурнамои рушди шарикии стратегӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар МТС хабар доданд.

Дар видеоконфронс директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Имомӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия З. Саидзода иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ зикр гардид, ки ки тайи сӣ соли даврони Истиқлоли давлатӣ ҳамкорӣ  дар соҳаҳои гуногун байни Тоҷикистон ва Русия беш аз пеш густариш ёфтанд. Ҳар ду ҷониб ҳамкории судмандро дар чаҳорчӯби механизмҳои гуногун, ба монанди СММ, СҲШ, СААД ва МҲТБО ва ғайра баҳри манфиатҳои мутақобилаи тарафайн ва рушди умумӣ  густариш доданд.

Маърўзачиён вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро  мавриди баррасии амиқ қарор дода, минбаъд ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ ба мақсади бартарафсозии оқибатҳои ногувори иҷтимоию иқтисодӣ, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ  дар соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитиву нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф, туризм ва дар самти мубориза ба таҳдидҳои умумӣ ва амнияти минтақавиро таъйид ва таъкид намуданд.

Акс: МТС ҶТ

Июнь 18, 2022 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд