Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар панели «Неруи барқ дар давраи тағйирот» иштирок кард

Июнь 21, 2022 10:37

ДУШАНБЕ, 21.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни иштирок дар ҷаласаи панели «Неруи барқ ​​дар давраи тағйирот», ки дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург баргузор гардид, оид ба ҳадафҳои стратегии ба кор андохтани иқтидори нави энергетикӣ асосан аз ҳисоби бунёди неругоҳҳои барқии обӣ суханронӣ намуд. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа рушди босуръати соҳаи энергетикаро дар кишвар шарҳ дода,  оид ба ислоҳоти соҳа  изҳори назар  намуд.

Ў дар бораи таҷдиди сохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» ба се корхонаи ҷудогонаи истеҳсол, интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ ​​ёдовар шуда, ҳадафҳои стратегии ба кор андохтани иқтидорҳои нави энергетикиро асосан аз ҳисоби бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, инчунин нақшаҳои наздиктарини Тоҷикистон дар соҳаи рушди энергетикаи офтобу шамол маълумот дод.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин губернатори вилояти Челябинск Александр Текслер, Вазири энергетикаи Федератсияи Русия Николай Шулгинов, Директори генералӣ, раиси Раёсати ҶСП «Россети» Андрей Рюмин, раиси Раёсати ҶСК «Оператори системавӣ»,  «Системаи ягонаи энергетикӣ» Федор Опадчий, раиси Раёсат, директори генералии ҶСП «РусГидро» Виктор Хмарин ва дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ширкат ва суханронӣ намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ

Июнь 21, 2022 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Дар Минск ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд