Вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода бо намояндагони Ҷумҳурии Бошқирдистон мулоқот намуд

Июнь 1, 2022 11:30

ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 май мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода  бо ҳайати Ҷумҳурии Бошқирдистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазир – вазири кишоварзии Ҷумҳурии Бошқирдистон Илшат Фазрахманов баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Вазири кишоварзӣ Саъдӣ Каримзода мулоқотро саривақтӣ ҳисобида, гуфт, ки «ҳоло мавсими пухта расидани маҳсулоту зироати кишоварзӣ оғоз ёфта, барои дастрасии саривақтии он ба истеъмолкунандагон ва махсусан содироти он аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.  Федератсияи Русия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики муҳими стратегӣ буда, ҳамкории мо аз хоҳиши таҳким ва густариши робитаҳо дар соҳаи кишоварзӣ иборат аст».

Муовини Сарвазир – вазири кишоварзии Ҷумҳурии Бошқирдистон Илшат Фазрахманов иброз намуд, ки «имконияти соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле зиёд буда, барои гирифтани ҳосили такрорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, таъсиси фермаҳои чорводорӣ ва парандапарварӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ шароити мусоид мавҷуд мебошад».

Зимни мулоқот ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Усмон Маҳмадёрзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, сардори КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» Машокир Назаров дархосту пешниҳодҳои худро барои ҳамкории минбаъда иброз намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати расмии Ҷумҳурии Бошқирдистон барои фаъолияту ҳамкорӣ дар оянда пешниҳодҳо дар доираи лоиҳаҳо иброз шуданд.

АКС: шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

Июнь 1, 2022 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд