Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 июн Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ФБИП) ба кори худ оғоз намуда, то 18 июн идома меёбад. Тақрибан 90 кишвари ҷаҳон аз ширкати худ дар ин форум хабар доданд. Мавзӯи имсолаи чорабинӣ ҷустуҷӯи имкониятҳои нав дар ҷаҳони тағйирёбанда хоҳад буд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Тоҷикистонро дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир намояндагӣ мекунад. Интизор меравад, ки ӯ дар ҷаласае, ки 16 июн баргузор мешавад суханронӣ намояд.
Иштирокчиёни Форум вазъи имрӯза ва афзалиятҳои инкишофи ҳамгироӣ, нақши иттиҳодияҳои ҳамгироӣ дар таъмини суботи иқтисодии давлатҳо дар шароити душвори геополитикӣ, таъсири омилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба раванди боз ҳам амиқтар гардонидани ҳамгироӣ, нақши ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Давлати иттифоқӣ дар бунёди иқтисоди нави ҷаҳонии давраи «баъд аз ковид», ҳамчунин самтҳои асосии ҳамкории байни иттиҳодияҳои ҳамгироӣ барои давраҳои кӯтоҳ ва миёнамуҳлати дарпешистодаро баррасӣ менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки мавзӯи Форум дар соли равон: «Ҷаҳони нав-имкониятҳои нав» унвон гирифтааст. Ҳама чорабиниҳои Форум ба чаҳор мавзӯъ ва самтҳо тақсим шудаанд, ки он ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва Русия, хабарҳои иҷтимоӣ ва технологӣ ва рушди неруи инсонӣ бахшида мешаванд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст






