30 нафар хонандагони мактабҳои Тоҷикистон сазовори аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медали тилло ва нуқра гардиданд

Июль 25, 2022 14:02

ДУШАНБЕ, 25.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 30 нафар хонандагони мактабҳои Тоҷикистон сазовори аттестати аълои унверсалӣ гардиданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун барои соҳиб шудан ба аттестати аълои универсалӣ хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 13 медали тилло, хонандагони вилояти Суғд сазовори 7 медали тилло ва 1 медали нуқра, хонандагони вилояти Хатлон сазовори 6 медали тилло ва 1 медали нуқра ва хонандагон шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 1 медали тилло ва 1 медали нуқра гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросими ҷамъбасти озмун Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз дошт, ки «маориф ва илм дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ эълон гардида, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ борҳо гуфтаанд, ки «ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам» ва дар ин замина таъкид низ медоранд, ки «кӯдакони болаёқат захираи тиллоии миллат мебошанд».

Тазаккур дода шуд, ки соли равон аз тарафи раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ 144 нафар довталаб ба озмуни аттестати аълои равияи универсалӣ, табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло ва нуқра пешниҳод гардиданд, ки аз ин шумора 45 нафари онҳо (5 нафар ба аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло, 11 нафар аттестати аъло бо медали тиллои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, 26 нафар аттестати аъло бо медали тиллои равияи табиӣ-риёзӣ ва 3 нафар аттестати аъло бо медали нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ) барои иштирок дар озмуни мазкур роҳ ёфтанд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки маъмурияти аксари муассисаҳои таълимӣ дар пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои довталабони аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра ба саҳлангорӣ роҳ дода, ҳуҷҷатҳоро бар хилофи талаботи “Низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ва тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои давлатии махсус ва Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод намудаанд, ки дар натиҷа аз ҷониби комиссияи экспертӣ дар ҳуҷҷатҳои довталабон камбудиҳои зиёд ба қайд гирифта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмун барои дарёфти аттестати аълои унверсалӣ  21-22 июли соли равон доир шуда, маросими ҷамъбасти он 23 июл дар Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 25, 2022 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд