35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То таҷлили ин ҷашн бинои нави Суди Олӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Театри миллӣ сохта мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 1 июли соли 2022 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Дар асоси ин қарор то ҷашни мазкур дар мамлакат як зумра вазорату кумита ва идораҳо соҳиби бинои нави замонавӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар пойтахт бинои нави Суди Олӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Театри миллӣ ва ғайраҳо сохта ба истифода дода мешаванд.
Тавре аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи лоиҳа бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ошёна иборат буда, арзиши пешакии корҳои сохтмонию ороишӣ 73 миллиону 858 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бино дар маҷмуъ дорои ҳуҷраҳои корӣ барои 450 корманд, маҷлисгоҳ бо 500 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи судӣ, бойгонӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, боғи зимистона, ошхона барои 70 нафар ва дар таҳхонаи бино таваққуфгоҳ барои 30 нақлиёт мебошад.
Барои сохтмони иншооти мазкур аз шафати кӯчаи Шевченко, дар гузаргоҳи якум бо масоҳати 0,37 га қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Масоҳати умумии иншоот 17952 м2 мебошад ва баландии умумии бино аз сатҳи замин ба 72,6 метр баробар аст. Дар ороиши бино аз тахтасангҳои хоро (гранит), мармар, панҷараҳои кандакории гаҷӣ, паркет, панелҳо аз навъи чубҳои қиматбаҳо ва рангҳои аълосифат истифода карда мешавад.
Тавре зикр шуд, тарҳи як зумра биноҳои нави вазорату идораҳо низ омода гардидаанд, ки то ҷашни мазкур сохта ба истифода дода мешаванд.

ДАР АКС: Лоиҳаи бинои нави Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ









Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад






