68 нафар наврасон дар «Чангоб»-и Ҳисор ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуданд
ҲИСОР, 05.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб», ки дар деҳаи Чангоби Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор воқеъ аст, дар даври якум 68 нафар кӯдакону наврасон аз вилояти Хатлону шаҳри Ҳисор ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуданд. Дар ин бора директори мавсимии истироҳатгоҳи «Чангоб» Мирзомурод Боев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб», ки аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст, бо бунгоҳи тиббӣ, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, ошхона ва хобгоҳҳои барҳаво таъмин буда, дар соли равон бо маблағи зиёда аз 70 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳри Ҳисорро таъмири пурра намудаанд. Дар ин макони фароғат омӯзгорони ботаҷриба барои назорати истироҳаткунандагон фаъолият мекунанд. Инчунин аз донишкадаю коллеҷҳои ҷумҳурӣ донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ роҳхат гирифта, дар якҷоягӣ бо мураббияҳои ботаҷриба аз рӯйи барномаи таълимию фароғатии истироҳатгоҳ кӯдакону наврасонро ба ватандӯстию худшиносии миллӣ роҳнамоӣ менамоянд.
Тавре масъулини истироҳатгоҳи мазкур иброз намуданд, кӯдакону наврасон дар як баст 12 рӯз истироҳат менамоянд. Барои ҳар нафари онҳо аз ҳисоби Иттифоқҳои касабаи соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор маблағгузорӣ мешавад. Онҳо чор вақт бо хӯроки гарм таъмин буда, пайваста зери назорати табибону омӯзгорон қарор доранд. Барои истироҳати бофароғати кӯдакону наврасон тамоми шароити зарурӣ фароҳам гардида, бехатарии онҳо ҳангоми варзиш, оббозӣ ва дигар машғулиятҳо пурра таъмин карда шудааст.
Пас аз таъмири пурра, истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб» имконият дорад, ки дар як баст то 300 нафар кӯдакону наврасонро қабул намояд. Бо дастури раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар тасмим гирифта шудааст, ки дар доираи имкониятҳо дар ҳар давраи қабули истироҳаткунандагон, хонандагони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, хонандагони бобистеъдод аз шаҳри Ҳисор ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






