Ҳайати Русия таҳти роҳбарии Прокурори генералии ФР ба Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 25.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Федератсияи Русия таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ Игор Краснов 25 июл бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайати мазкур барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати мушовараи якҷояи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия, ки 26 июл баргузор мегардад, ба Душанбе омад.
Дар ҷаласа талошҳои муштарак ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои террористӣ, экстремистӣ ва қочоқи маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати мушовара имзои лоиҳаи Барномаи ҳамкорӣ миёни ҳар ду ниҳод дар назар аст.
Тавре интизор меравад, меҳмонон аз осорхонаи этнографӣ ва Маҷмааи давлатии фарҳангию фароғатии «Кохи Наврӯз» дидан карда, ба пояи лавҳаи ёдгории Боғи Ғалаба дар шаҳри Душанбе гулчанбар мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта зимни вохӯрии Юсуф Раҳмон ва Игор Краснов Ёддошти тафоҳум оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории Прокуратураи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Русия барои солҳои 2022-2025, ки ба густариши равобити дуҷониба равона гардидааст, ба имзо расонида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»













ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






