Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии ИДМ дар Тоҷикистон доир мешавад
ДУШАНБЕ, 01.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2023 Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён раиси Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) интихоб гардида, ҷаласаи 17-уми он дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тасмими мазкур 30 июн зимни баргузории ҷаласаи 16-уми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии ИДМ дар заминаи Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор гардид, гирифта шуд.
Бояд гуфт, ки аз 29 июн то 1 июл дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи Шӯрои мазкур таҳти раёсати Вазири адлияи Федератсияи Русия Чуйченко Константин баргузор шуда, дар он Вазири адлияи Арманистон Карен Андреасян, муовини Вазири адлияи Беларус Николай Старовойтов, Вазири адлияи Қирғизистон Аяз Баетов ва Вазири адлияи Узбекистон Русланбек Давлетов иштирок доштанд.
Дар рафти ҷаласа аъзои Шӯро нақши вазоратҳои адлия дар гузаронидани сиёсати ҳуқуқӣ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ, масъалаҳои мубрами соҳаи адвокатура ва баланд бардоштани сифати истеҳсолоти экспертизаи судӣ дар муассисаҳои экспертизаи судиро баррасӣ намуданд.
АКС: Вазорати адлияи ҶТ









Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






